Муфтии Покистон: Назарам дар бораи Э. Раҳмон дигар шуд...

Маҳмуд Ҳофиз Муҳаммад Тоҳир, раиси Шӯрои уламои Покистон, имрӯз, 23-юми июл зимни Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” дар Душанбе изҳор дошт, ки қаблан ба шароити мусалмонҳо дар Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар назари дигар дошт.
Раиси Шурои уламои Покистон дар пайи маҳкумсозии терроризму ифротгароӣ афзуд, ки ҷавонҳо бояд дар доираи ҳақиқати суннату ояҳои Қуръон амал кунанду фирефта нашаванд. Дар мавриди Тоҷикистон ӯ изҳор дошт, ки дар Душанбе бо мардум суҳбатҳо карда, аз хиёбонҳо дидан намудааст: “Бо руҳониёни тоҷик низ суҳбат кардам ва бояд бигӯем, ки назари ман дар бораи Тоҷикистон, мардуми тоҷик, ҳукумат ва раисиҷумҳур куллан тағйир ёфт”.
Ба қавли раиси Шӯрои уламои Покистон, то аз наздик шинос шуданаш бо вазъ дар Тоҷикистон бовар надошт, ки Ислом дар кишвар чунин шаҳомату мусалмонҳо чунин шароит доранд.
Маҳмуд Ҳофиз Муҳаммад Тоҳир дар пайи тавсиф аз ҳукумату мардум илова намуд, ки минбаъд ҳамкориро бо руҳониёни тоҷик зичтару бештар мекунанд. Инчунин таъкид кард, ки дари донишгоҳҳои Покистон танҳо барои онҳое боз аст, ки қонунӣ тариқи давлат барои таҳсил ба ин кишвар мераванд.
Феълан Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |