Куҳнавардони эронӣ бо шиори “Ислом дини ҳамдилӣ” ба қуллаи И.Сомонии Тоҷикистон мебароянд
Тими миллии куҳнавардии Эрон ба Тоҷикистон меояд. Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, қарор аст, ин ҳайат имрӯз, 23 июл вориди кишвари мо шавад.
Ҳусайн Амонӣ, сарпарасти тими миллии куҳнавардии Эрон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Машҳад гуфтааст, 15 куҳнаварди ин кишвар бо шиори “Ислом дини ҳамдилӣ ва Муҳаммад пайёмбари меҳрубонӣ” ба қуллаи 7 ҳазору 105 метрии Корженевский ва қуллаи 7 ҳазору 495 метрии Исмоили Сомонии Тоҷикистон мебароянд.
Ба гуфтаи Амонӣ, куҳнавардии тими миллии Эрон дар Тоҷикистон 35 рӯз идома ёфта, ҳар куҳнавард дар ин замон 120 миллион риёл масраф хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |