САДО: Наздики 110 масҷиди Суғд ба мавзеъҳои истироҳативу таърихӣ табдил ёфтаанд
Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд мегӯяд, то имрӯз фаъолияти 108 масҷиди панҷвақта қатъ гардида, он ба мавзеъҳои истироҳативу таърихӣ табдил дода шудааст.
Обидҷон Шарофов, мудири ин ниҳод зимни нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар қаламрави вилоят 1195 масҷиди исломӣ фаъолият мекунад, ки 13-тои он масҷиди ҷомеи марказӣ, 91-тоаш масҷиди ҷомеъ ва 955-то масҷиди панҷвақтаанд: “Вале мутаассифона, 136 масҷиди панҷвақтае, ки аз соли 2009 инҷониб бидуни аз қайд нагузашта, фаъолият мебурданд, феълан фаъолияти онҳо муваққатан боз дошта шудааст”.
Ҷаноби Шарофов афзуд, аз шумора ҳуҷҷатҳои 28 масҷид ба талаботи моддаи 13-и Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” мутобиқ мебошанд ва имкони дубора ба қайд гирифтани онҳо вуҷуд дорад: “Ҳоло мо маводи заруриро омода кардем ва ба наздикӣ барои аз нав ба қайд гирифтан пешниҳод мекунем”.
Аммо мудири Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд гуфт, 108 масҷиди дигар ғайриқонунӣ амал мекарданд ва дар асоси қарори шаҳру ноҳияҳо фаъолияташон қатъ гардид: “Ин теъдод масоҷид ҳоло ба иншооти ёдгориву таърихӣ, кумитаи маҳаллаҳо, чойхонаҳо, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва боғчаи бачагона табдил дода шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |