Мушовири Кабирӣ: Шикоят намекунам, афвро мунтазир мешавам
Ҷамолиддин Маҳмудов, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ҳисор, ки бар асоси он ба муҳлати 5 сол равонаи зиндон шуд, ба ҷое шикоят нахоҳад бурд.
Зарафо Раҳмонӣ, вакили мудофеи Маҳмудов рӯзи 23 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, онҳо дар мулоқоти ахир бо зерҳимояаш ба ин қарор омадаанд.
Хонум Раҳмонӣ афзуд, ӯ бо зерҳимояаш тасмим гирифтаанд, ба ҷои шикоят аз ҳукми додгоҳ мунтазири қонуни афв дар оянда мебошанд: “Ҳоло мо тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро таҳия дорем ва бо назардошти ҳукми тулонии Маҳмудов ва хидматҳои ӯ дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бояд мавриди авф қарор гирад”.
Мушовири раиси ҲНИТ, ки дар нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешуд, аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Ҳисор рӯзи 19 июли соли равон ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Дар ҳоле ки қаблан Раҷабалӣ Шернаев, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас 6 солу 6 моҳ талаб карда буд.
Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли равон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид. Ин ниҳод бо нашри изҳороте боздошти ин узви аршади ҲНИТ дар арафаи интихоботи парлумонии кишварро шарҳ дода, гуфт, дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд, ки ба гуфтаи Сардоров ба Ҷамолиддин тааллуқ доштааст.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри изҳороте боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот донист ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, “бо дарназардошти нақши шахсии оқои Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қазияи мазкурро зери назорат бигирад".
13 феврали соли равон Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарори то ду моҳ дар боздоштгоҳ мондани ӯро содир карда, баъдан ин муҳлатро тамдид кард.
Ҷамолиддин Маҳмудов дар баробари узви Раёсати олии ҲНИТ будан, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |