Боздошти 6+1 тоҷикистонӣ дар марзи Туркия ва Сурия
Мақомоти Туркия мегӯянд, аз аввали январ то 30-юми июни соли равон дар марзи ин кишвар бо Сурия 457 шаҳрванди хориҷиро боздошт намудаанд, ки аз онҳо 6 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.
Тавре оҷонсии туркии Anadolu аз қавли мақомот иттилоъ медиҳад, 457 нафари боздоштшуда, шаҳрванди 32 кишвари хориҷӣ будаанд: “Аз ҷумла 241 нафар аз уйғурҳои Чин, 56 нафар аз Русия, 30 шаҳрванди Покистон, 29 – Туркманистон, 13 аз Бритониёи Кабир, 12-Фаронса, 9-Арабистони Саудӣ, 7-Афғонистон, 6 нафарӣ аз Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, 5 нафарӣ аз Озарбойҷон, Олмон, Белгия ва Нидерландия мебошанд”.
Ин дар ҳолест, ки 12-уми июл матбуоти Туркия аз боздошти ҳудуди 25 шаҳрванди хориҷӣ дар роҳ ба Сурия хабар дода, афзуд, ки аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Аммо намояндагии Тоҷикистон дар Туркия иттилоъ дод, ки аз миёни 25 нафари ахиран боздоштшуда, ҳамагӣ як нафар шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Дар маҷмуъ ба ҳисоби мақомоти тоҷик беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои созмони террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд, ки то ҳол тақрибан 100 нафарашон кушта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |