Мақолаи Сироҷиддин Аслов: Санади қутбнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки аз замони таъинаш ба ин симмат анъанаи гузарондани нишастҳои матбуотӣ ҳар шашмоҳа дар ин ниҳодро хотима бахшидааст, бо нашри як мақола консепсияи нави сиёсати хориҷии кишварро шарҳ додааст.
Дар ҳоле, ки вазирону раисони ниҳодҳои дигари давлатӣ дар асоси дастури раисиҷумҳур ҳамин шабурӯз бо рӯзноманигорон мулоқоти рӯбарӯ анҷом медиҳанду аз фаъолияти шашмоҳаашон суҳбат мекунанд, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мақолаи раҳбари ин ниҳод, Сироҷиддин Асловро нашр кардааст, ки “Озодагон” онро бознашр мекунад:
Санади қутбнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳар як кишвари соҳибистиқлол сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои давлатию миллӣ ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷиаш бо ҷараёни инкишофу таҳаввули вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир ҳамқадам ва ҳамнаво бошанд. Вобаста ба ин, санадҳои марбут ба пешбурду татбиқи сиёсати хориҷӣ бо мурури замон ва ба тақозои дигаргуниҳое, ки дар арсаи байналмилалӣ ба вуҷуд меоянд,тағйиру такмил меёбанд ё санади наве дар ин замина таҳия ва қабул карда мешавад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳанӯз моҳи сентябри соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии худро тасдиқ ва мавриди амал қарор дода буд, ки он моҳиятан ҳикмат ва ҳадафҳои фаъолияти давлати моро дар арсаи байналмилалӣ таҷассум намуда, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекард.
Дар тӯли марҳилаи беш аз даҳсолае, ки аз қабули Консепсияи сиёсати хориҷӣ гузашт, дар минтақа ва ҷаҳон раванди босуръати таҳаввулоту дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятӣ идома пайдо кард.
Дар ин росто, пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки низоми амниятии фарогир рахнаи бештар пайдо карда, ташаннуҷу нооромиҳо дар гӯшаву канори дунё афзоиш ёфтанд. Таҳдиду чолишҳои гуногун, бахусус доман густурдани терроризми байналмилалӣ, боло гирифтани тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, зиёд шудани тавлиди маводди мухаддир ва қочоқи он, тавсеаи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ чун авомили барҳамзанандаи амну субот боиси нигарониҳои беш аз пеш гардид.
Ҳамчунин, бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ, мушкилоти муҳитзистӣ, ҳаводиси техногенӣ ва ба ин монанд мушкилоти дигар ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти башарият ба таври чашмгир таъсир гузоштанд. Гузашта аз ин, раванди ҷаҳонишавӣ вусъати рӯзафзун пайдо карда, дар баробари мусоидат ба муносибатҳои наздики халқу кишварҳо ва ташаккули низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ миёни онҳо, ҳамзамон пайомадҳои номатлуберо, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ғайра ба бор овард. Фузун бар ин, таҳти таъсири бевоситаи раванди ҷаҳонишавӣ мушкилот ва хатару чолишҳои замони муосир низ хусусияти глобалӣ касб карда, ба омилҳои нигаронкунандаи ҷомеи инсонӣ табдил ёфтаанд.
Пайдост, ки дар ин давраи ҳассос сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва таҳдиду чолишҳои мавҷуда татбиқ гардад ва ҳифзи манфиатҳои стратегии давлат ва миллатро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намояд. Аз ин ҷост, ки зарурати таҷдиди назар ба Консепсияи амалкунандаи сиёсати хориҷӣ пеш омад. Бо ишора ба ин матлаб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии барномавии худ ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар, ки 15 марти соли 2013 ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт, зарурати таҳияи Консепсияи нави сиёсати хориҷии мамлакатро махсус таъкид намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии кишвар дастур доданд, ки лоиҳаи онро таҳия намоянд.
Дар ростои иҷрои ин супориш, Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвар дар партави ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлат таҳия гардида, пас аз баррасӣ ва муҳокима аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори кишвар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Консепсияи нав аз чор фасли зерин иборат аст:
1. Муқаррароти умумӣ
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ
3. Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Таҳия ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бахши “Муқаррароти умумӣ” заминаҳои ҳуқуқии Консепсия ва принсипҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро дар асоси онҳо амалӣ месозад, баён гардида, ҳамзамон манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар марҳилаи кунунӣ ва ояндаи наздик ба таври зер муайян шудаанд:
- ҳимоя ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он; эҷоди навори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар;
- инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар;
- таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар;
- таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар;
- тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд;
- мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар.
Асосҳои консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби“ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ” таъкид шудаанд. Аз ҷумла, дар инқисмат, ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ чун ҳадафи аслӣ ва асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян шуда, роҳҳои амалишавии ин ҳадаф, аз ҷумла фароҳамсозии шароити мусоиди берунӣ ҷиҳати рушду инкишофи устувори кишвар, мусоидат ба пойдории беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон ва саъю талошҳои пайгирона дар роҳи пайдо кардани ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар раванди ҳалли иҷрои вазифаҳои авлавиятноки ин сиёсат баён ёфтааст.
Таҷрибаи роҳандозии сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ дар тӯли солҳои Истиқлолият нишон дод, ки ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногуни олам ва қутбҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ба таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти миллӣ ва касби ҷойгоҳи шоиста дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд. Идомаи ин сиёсат, ки муносибати неки Тоҷикистонро ба ҳама миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳон ва барқарории ҳамкориҳои мутақобилан судманди онро бо ҳамаи шарикони минтақавию байналмилалӣ ифода мекунад, дар марҳилаи ҳассоси сиёсиву амниятии минтақа ва ҷаҳони имрӯз низ ба манфиатҳои олии давлативу миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст. Бино бар ин, дар Консепсия сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамтӣ, ки ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфта ваба таври воқеъбинона ва амалгароёна татбиқ мегардад, муайян шудааст. Ин сиёсат моҳиятан сиёсати “дарҳои кушода”, сулҳхоҳона ва беғараз арзёбӣ гардидааст, киҳадафи густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик дар асоси баробарӣ, эътирофи манфиатҳои тарафайн ва эҳтироми ҳамдигар пайгирӣ мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолиятҳои хориҷӣ ва робита бо ҷаҳони муосир ҳамавақт паймонҳои байнидавлатӣ ва меъёрҳои эътироф гардидаи ҳуқуқи байналмилалиро ба асос мегирад. Ин пойбандӣ ба аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ боиси шаффоф ва қобили пешгӯӣ будани сиёсати хориҷии кишвар аст, ки ин матлаб дар Консепсия дарҷ ёфтааст.
Дар ин санад ҳамчунин заминаҳои консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистондар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа чун дӯстӣ, накӯҳамсоягӣ ва адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар муайян шуда, эҷоди навори эътимоду амният дар тӯли марзҳои кишвар аз ҳадафҳои ин сиёсат муаррифӣ шудааст. Фузун бар ин, таъкид шудааст, ки ин сиёсат дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масоили сарҳадӣ ва обу энергетика ба ҳалли осоиштаи онҳоба воситаи музокироту гуфтушунидҳо, ҳусни тафоҳуми ҷонибҳои дахлдор ва эътирофи усули баробарӣ ва тақсимнопазирии амният дар минтақа такя мекунад.
Дар низоми муносибатҳои байналмилалии ҷаҳони муосирравандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодии бисёрҷониба ва гуногунсатҳ вусъати рӯзафзун пайдо кардаанд. Бино бар ин, дар Консепсия яке аз ҳадафҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муайян шудааст, то бад-ин васила Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот ва ҳамкориву муколамаи созандаи байналмилалӣ ҳатталимкон саҳм гузорад ва имкониятҳои созмонҳои мазкурро барои рушди устувори кишвар ҷалб намояд.
Бо дарназардошти тавсеаи равандҳои муҳими геополитикии минтақавию байналмилалӣ ва глобализатсионии ҷаҳони муосир, дар Консепсия назари усулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин равандҳо баён гардида, таъкид шудааст, ки Тоҷикистон риояи тавозуни байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии ҳар як кишвар, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли ҳар як давлат, фароҳам сохтани имкониятҳои баробар, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро, сарфи назар аз иқтидор, нақш ва мартабаи онҳо дар тақсимоти геополитикии нерӯҳо, ба ҳайси асоситарин ва муҳимтарин меъёрҳои ҳаёти ягонаи байналмилалӣ дар амал мешиносад ва итминон дорад, ки ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳо бояд якдигарро пурра созанд ва кафили боэътимоди рушди устувори муносибатҳои байналмилалӣ бошанд.
Дар Консепсия мавқеи усулииҶумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии милливу диниву фарҳангӣ, ки имрӯзҳо дар нуқоти гуногуни олам ба назар мерасанд,матраҳ гардида, аз ҷумла, таъкид гардидааст, ки низоми нави ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ бояд бар ҳамкориву шарокати баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад, ҳама гуна хатарҳо бар сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣбо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама Ойинномаи СММ бартараф карда шавад. Дар баробари ин,ҷонибдории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳо барои омода намудани вокуниши муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир, аз қабилимубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, қочоқи силоҳ, тундгароии мазҳабӣ ва ғайрабаён шудааст.
Бахши "Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ба чанд боб тақсим мешавад, ба баёни самтҳои мушаххаси сиёсати бисёрсамтии Тоҷикистон тахсис ёфтааст.
Яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии равобити дарозмуддату босубот бо шарикони анъанавии он – давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилмаҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дар Консепсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бо дарназардошти консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ дар доираиИттиҳоди мазкур барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо онҳо саъй хоҳад намуд.
Дар ин росто, дар Консепсия таҳкими равобити дӯстона ва шарокати стратегӣ бо Федератсияи Россия дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию иттилоотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақавӣ арзёбӣ гардидааст.
Тавре маълум аст, Тоҷикистон, ҳамеша ҷонибдори ҳамгироии густурдаи минтақавӣ буда, онро аз муҳимтарин василаҳои ҳалли масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, њифзи муњити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ меҳисобад. Дар Консепсия, бо ишораба умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Ӯзбекистон,Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистонбар пояи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд пешбинӣ шудааст.
Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ирода ва талошҳои ду ҷониб то ба сатҳи шарокати стратегӣ расидаанд ва заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуниҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣва фарҳангӣ фароҳам овардаанд. Бино бар ин,дар Консепсия идомаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин кишвар посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва азмуҳимтарин вазифаҳои сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ гардидааст.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз оғози Истиқлолият то кунун муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Исломии Аф¬ғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи муштаракоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ ҷойгоҳи хосса дошта, Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ идома ва таҳкими беш аз пеши ин муносибатҳоро пешбинӣ кардааст.
Густариши равобит бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи фаровони онҳо ҷиҳати мусоидат ба рушди сиёсиву иқтисодии минбаъдаи Тоҷикистонва тадриҷан ворид шудани иқтисоди миллӣ ба низоми равобити иқтисодииҷаҳонӣ аҳамияти вежа дорад. Ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои мазкур дар Консепсия зарурати таҳкими хусусияти шарикии муносибатҳо бо ШМА ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддати устувор бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он, ба ҳайси яке аз ҳамкорони муҳимми иқтисодии Тоҷикистон, пешбинӣ гардидааст.
Муносибатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар роҳи ҷалби сармоя ва баҳрабардории Тоҷикистон аз бозорҳои рӯ ба инкишофи тиҷорат, фановарӣ, маҳсулоти саноатӣ, ҳамчунин истифода аз имконоти транзитии онҳо мусоидат хоҳанд кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳони араб ва ислом, хоссатан ҷанбаҳои иқтисодиву тиҷоратии ин ҳамкориҳо манфиатдор буда, ин самт дар Консепсия аз ҷумлаи самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар дониста шудааст.
Таҷрибае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои Истиқлолият дар татбиқи сиёсати хориҷӣ андӯхт, имрӯз имкон медиҳад, ки самтҳои нав ва ояндадори ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун бо кишварҳои Америкаи Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ, кишварҳои арабии шимоли Африқо,баъзе аз кишварҳои марказиву ҷанубии ин қитъа, ҳамчунин кишварҳои самти Уқёнусия эҷод ва роҳандозӣ шаванд. Бино бар ин, дар Консепсия баҳрабардориҳо аз ҳамкориҳои имконпазир дар самтҳои мазкур аз вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор омадааст.
Дар назария ва амалияи сиёсати хориҷӣ дар баробари муносибатҳои дуҷониба имрӯз дипломатияи бисёрҷониба, ки роҳандозӣ ва тавсеаи муносибатҳо бо созмону ниҳодҳои минтақавию байналмилалиро ифода мекунад, аҳамияти беш аз пеш касб намудааст.
Равандҳои бесобиқаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ дар ҷаҳон, инчунин зуҳури хатару чолишҳои гуногун ҳамкориву иқдомҳои муштарак ва ҳамоҳангиҳои фарогири кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди низоми пойдору одилонаи байналмилалӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳо ва рафъи мушкилоти глобалии ҷаҳони муосирталаб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви фаъоли анҷумани давлатҳои мутамаддин иштироки фаъолона ва саҳми созандаро дар фаъолияти ин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз ҳадафҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ меҳисобад.
Ин нукта дар фасли "Дипломатияи бисёрҷониба"-и Консепсия мавриди тазаккур қарор гирифта, тавсеаи ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Муколамаи Ҳамкории Осиё, МашваратиҲамкорӣ ва Тадбирҳои Боварӣ дар Осиё ва ниҳодҳои минтақавиву байналмилалии молиявӣ ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишвар дониста шудааст.
Тоҷикистон зимни ҷонибдорӣ аз нақши СММ чун ягона ниҳоди танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ ва тасмимгириҳо вобаста ба амалиёти дастҷамъона дар мавриди ҳифзи сулҳ ва таҳкими амнияти низоми байналмилалӣ.
Таъмину пуштибонии манфиатҳои миллӣ ва пешбурди фаъолонаи ташаббусу иқдомоти созандаи Тоҷикистон дар СММ, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он, аз ҷумла ЮНЕСКО, инчунин саъю талош ҷиҳати касби узвияти Тоҷикистон дар мақомот ва сохторҳои интихобии СММ аз вазифаҳои калидии сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мегардад.
Бад-ин гуна, дар Консепсия ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар мавриди ширкати кишвар дар фаъолияти созмонҳои дигар низ баён гардидаанд, ки дар сархатти онҳо ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ дар чаҳорчӯби ин созмонҳо қарор доранд.
Бо дарназардошти афзудани нақши навъҳо ва самтҳои алоҳидаи дипломатия дар сиёсати байналмилалии муосир ва зарурати муайян кардани вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин самтҳо дар Консепсия бахшҳои алоҳида ба “Дипломатияи иқтисодӣ”, “Дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об”, “Дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона” ва “Дипломатияи иттилоотӣ”тахсис ёфтаанд, ки дар матни Консепсияи пешин ҳузур надоштанд.
Аз ҷумла, бо ишора ба таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва болоравии мақоми унсури иқтисодӣ дар масъалаҳои умдаи сиёсати байналмилалӣ, истифодаи самарабахши василаҳои дипломатияи иқтисодӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дониста шудааст. Дар ин росто ҳадафи дипломатияи иқтисодии Тоҷикистон мусоидат ба ташаккули иқтисодиёти самаранок тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамгироии Тоҷикистон ба иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин таъмини амнияти иқтисодии кишвар муаррифӣ гардида, ба мақсади тавсеаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи иқтисодии хориҷӣ ва роҳандозии ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ зарурати иҷрои номгӯи мушаххаси вазифаҳо таъкид шудааст.
Дар бахши марбут бадипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обмавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи захираҳои обӣ баён шудааст. Ин мавқеъ ба принсипҳои накӯҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда асос ёфтааст. Вобаста ба ин, дар Консепсия изҳор шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари болооб ва манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об хатар эҷод намекунад. Бо дарназардошти ин, яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мусоидат ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва саъю талош ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт дар рӯҳияи ҳамкориву шарокати баробарнафъи минтақавӣмуайян шудааст.
Бо ҳидоят ва ибтикороти хушоянди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар солҳои Истиқлолият дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ба таври густурда роҳандозӣ намуд, ки ҳадафи онтаъкиди зарурат ва талқини ғояи ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Идомаи чунин дипломатияи созанда ва ибтикороти хушоянд дар соҳаи об ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст. Дарвоқеъ, баргузорӣ ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба арзёбии натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 бори дигар нақши созандаи кишвари мо ва Президенти онро дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ таъйид намуд.
Роҳандозии дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона имрӯз яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ҳадафҳои асосии он мусоидат ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам ба мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он, мебошад. Дар Консепсия вазифаҳои мушаххаси сиёсати хориҷии кишвар ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мушаххасан зикр шудаанд.
Мусаллам аст, ки фазои иттилоотии ҷаҳонӣ имрӯз ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию динии марказҳои қудрати дунёи муосир ва абзори муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст.Дар ин шароит дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба таъмини амнияти иттилоотии кишварро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар доираи пайгирӣ ва татбиқи ин ҳадаф вазифаҳои муайянро ба ӯҳда дорад, ки онҳо дар Консепсия зикр шудаанд.
Дар боби ахири Консепсия - “Таҳия ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳия ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дарҷ ёфта, мақоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоде, ки мустақиман раванди сиёсати хориҷиро амалӣ намуда, нақши ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистонро дар дохил ва берун аз кишвар дар мавриди масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ба уҳда дорад, таъкид гардидааст. Ҳамзамон, ҷиҳати такмили абзори ташаккули сиёсати хориҷӣ дар ин бахши Консепсия таъсиси Шӯро оид ба сиёсати хориҷӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми машваратӣ пешбинӣ шудааст, ки он аз дастури Роҳбари давлат дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бармеояд.
Ҳамин тариқ, таҳаввулоти манзараи геополитикии ҷаҳони муосир ва рушди босуръати равандҳои байналмилалӣ боис гардиданд, ки Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвар таҳия ва қабул шавад.
Табиист, ки қабули ин санади қутбнамо маънои тағйири куллӣ ва ё бунёдии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надорад, балки идомаи арзишҳо,унсурҳои зотӣ, ҳадафҳо ва самтҳои озмудашудаи ин сиёсатро дар назар дорад, таҷдиду такмили вазифаҳо ва абзору василаҳои татбиқи онро дар шароити ҳассосу тағйирпазири ҷаҳони муосир пешбинӣ мекунад, самаранокии беҳтарро аз татбиқи сиёсати хориҷӣ ва масъулияти бештарро аз ниҳодҳои татбиқкунандаи он тақозо дорад.
Қабул шудани Консепсияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатиро водор месозад, ки саъю кӯшишашонро ба амалӣ намудани муқаррароти ин санади муҳим равона намуда, бад-ин васила дар татбиқи сиёсати дурнигаронаи Сарвари давлат саҳми муносиб гузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |