Маълумоти Маҳмадаминов дар бораи вазъи Бадахшон ба намояндаи Амрико дар СММ
Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ рӯзи 21 июл бо Саманта Пауэр, ҳамтои амрикоиаш дидор кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Маҳмадаминов дар ин суҳбат оид ба зарари офати табииӣ ба шарқи Тоҷикистон маълумот додааст. Хонум Пауэр дар робита ба талафоти ҷонии офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ карда, иброз доштааст, “муроҷиатномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба таваҷҷуҳи Ҳукумати ИМА пешкаш менамояд".
Дафтари матбуоти ВКХ мегӯяд, намояндаи Амрико дар СММ таъкид кард, “Ҳукумати ИМА дар бартараф намудани зарари офати табиӣ мусоидат хоҳад кард”.
Афзун бар ин намояндагони Тоҷикистон ва Амрико дар бораи натиҷаҳои Конфаронси Душанбе ва ҷамъбасти даҳсолаи об, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, саммити СММ ва чорабинии махсуси Тоҷикистону кишварҳои узви дӯстони об дар ҳошияи саммити мазкур ибрози назар намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |