Масоили марбут ба ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои ВКХ, дар робита ба ин муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов роҳбари Департамент оид ба барномаҳо ва ҳамкории техникӣ бо кишварҳои Америка, Аврупо ва Осиёи Марказии раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Ҷианнӣ Магазенниро ба ҳузур пазируфт.Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мавдири баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар атрофи натиҷаҳои ҳисоботи даврии универсалии ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи инсон, ки аз ҳисоботи даврии универсалӣ бармеоянд ва роҳҳои пайгирӣ ва иҷроиши ин тавсияҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. {jathumbnail off}
Мӯҳр