Бахшҳо

Усмонзода дар бораи ду агрегати тайёри Роғун ва муносибати Узбакистон (НАВШУДА)

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд, феълан дар мавриди нерӯгоҳи Роғун бо Узбакистон нофаҳмие надоранд ва марҳилаи аввали нерӯгоҳ тақрибан се сол баъд фаъол хоҳад шуд.

Усмонзода, имрӯз, 22-юми июл дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки барои фаъол кардани марҳилаи аввали нерӯгоҳ се сол лозим аст: “Дар марҳилаи аввал ду агрегати 400 мегаваттӣ, дар маҷмуъ бо иқтидори 800 мегават фаъол хоҳанд шуд”.

Вазири энергетика гуфт, баъди фаъол кардани марҳилаи аввали Роғун мушкили камбуди барқ дар кишвар ҳал хоҳад шуд: "Барқарорсозии ду нақб ва сохтмони нақби сеюм, ки бо пешниҳоди Бонки ҷаҳонӣ ба лоиҳа ворид шудаанд, пеш рафта истодааст. Аз тамоми дунё ширкатҳо хоҳиши иштирок дар ин лоиҳа, аз ҷумла сохтмони сарбанд ва қисмати энергетикиро доранд".

Вазири энергетика тасдиқ намуд, ки дар кишвар тамоми таҷҳизот барои фаъол кардани марҳилаи аввали нерӯгоҳ вуҷуд дорад: “Дар ҳақиқат дастгоҳҳои барқӣ қисман дар замони Шӯравӣ ва қисман дар якчанд соли охир аз ҷумҳурии Украина ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Ду комплект, дастгоҳҳои барқӣ, генераторҳо ва дигар лавозимотро пурра омода кардаем”.

Ӯ хулосаи мусбати ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғунро таъкид намуда, афзуд, ки феълан бо Узбакистон нофаҳмие надоранд: "Вазифаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки барои таъмини мардуми кишвар бо барқ талош кунад".

Усмонзода инчунин аз ташкили гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон истиқбол карда, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо хушнуд астем, ки баъди чандин сол миёни Тоҷикистону Узбекистон комиссияи байниҳукуматӣ ташкил шуд. Дар доираи ин комиссия бисёр масъалаҳо бардошта шуд. Масъалаҳо вобаста ба энергетика ва газ аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд, вале ҷониби Узбакистон хоҳиш карданд, ки дар навбати аввал он масъалаҳое, ки имкони ҳалли онҳо бештар аст, дида шаванд. Масъалаҳое, ки баъзан мушкилиҳо доранд дар навбати дуюм онҳо омода астанд, ки ҳамкориро идома диҳанд”.

Ин дар ҳолест, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба майдони сохтмони Роғун ваъда дода шуд, ки марҳилаи аввали он саривақт ба истифода дода мешавад ва барои фаъолсозии марҳилаи аввал тамоми техникаю таҷҳизот фароҳам шудааст.
Мӯҳр
тарафдор
Чаноби вазир Узбакистон хечгох рози намешавад нахохад шуд, боз бо ердами бародаронаш дигар мавзуро масъалагузори мекунад ва мо рози мешавем ва боз 5 соли дигар натичаи ташхисро интизор хохем шуд.Худо накунаду ин фикр рост барояд.Бинобар нотарсона дар бари Чаноби Оли истода,дигар ба рози будан ва . набудани узбакон гапфуруши накунем

рам
Хамон се сол аз кадом лахза сар мешавад? Ё холо вакташ наомадаст. 16000 сомонида аксия гирифтем холо дар ягон чо даркор намешава.

Вазири мухтарам охир ваъдаги соли 2012 будет. Ба хисоби шумоен нав соли 2009 шудааст. Бозон се соли дигар. Уф зик шудем.

ш Душанбе
мо хам аксия гирифтагием ..дар таги сар монда хоб кун бародар ..ёинки дар музей рафта супор

Корманди неругох
Мухтарам Вазир пардохти маоши коргарони неругохро низ зери назорати худ гиред. 2 сол боз коргарони ЧСК "Норакибосоз" маоши думохаашонро гирифта наметавонанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)