Лағви шартномаи Бишкеку Вашингтон дар пайи ҷоизаи Аскаров
Темур Сариев, нахуствазири Қирғизистон, дирӯз, 21 июл бо имзои қароре ба фаъолияти як шартномаи миёни Бишкек ва Вашингтон нуқта гузошт.
Ин шартнома, ки ба хотири ҳамкориҳои ин ду кишвар мусоидат мекард, 19 марти соли 1993 ба имзо расида буд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар асоси ин созишнома маҳсулот, таҷҳизот ва амволи дигар, ки дар доираи барномаҳои кумакии Амрико ба қаламрави Қирғизистон ворид, содир ва ё истифода мешаванд аз ҳама гуна арзёбиҳо, боҷи гумрукӣ ва андоз озод буданд. Афзун бар ин, мувофиқи ин созишнома, шаҳрвандони низомӣ ё мулкии Амрикои муқими Қирғизистон, ки масъули иҷрои барномаҳои Амрико дар Қирғизистонанд, аз пардохти ҳамагуна андоз озод буданд.
Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, ҳукумат Қирғизистон ин созишномаро ба хотири додани ҷоизаи “Ҳомии ҳуқуқи башар” ба Азимҷон Аскаров аз сӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико якҷониба лағв кардааст.
Қаблан, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо пахши як изҳорот Аскаровро дар эҷоди низоъҳои байниқавмии соли 2010 мутаҳҳам кард.
Дар пайёми ВКХ-и Қирғизистон омадааст, додани ҷоиза ба Азимҷон Аскаров ба муносибатҳои дӯстонаи Қирғизистон ва Амрико мувофиқат намекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |