(АКС) Ванҷ: 37 миллион хисорот ва эҳтимоли такрори офатҳо

Ситоди пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои селу обхезӣ дар Ванҷ хисороти пешакии ҳодисаҳои табиии чанд рӯзи охирро дар ин ноҳия 37 миллиону 630 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.
Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон гуфтаанд, ин натиҷагирии пешакӣ аст ва ба эҳтимоли зиёд бо ба ҳисоб кардани тамоми хисороти ворида ҳаҷми зарар марзи 60 миллион сомониро убур мекунад.
Азимҷон Шамсиддинов, муовини раиси ноҳияи Ванҷ ба “Озодагон” гуфт, ҳарчанд Ситоди пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои селу обхезӣ дар Ванҷ тамоми ниёзмандиҳои мардуми зарардида ва ноҳияро ҳисобу китоб карда, дар ихтиёри мақомоти масъул гузоштааст, вале ҳамоно мардуми зарардида ва ҳамчунин ноҳия ба кумак ниёзи шадид доранд.
Азимҷон Шамсиддинов мегӯяд, таҳдидҳои омадани сел тамом нашудааст. Ӯ афзуд, ҳоло ҳарорати ҳаво дар Ванҷ аз меъёри муқаррарӣ зиёд аст: “Бино ба арзёбии мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ситоди ноҳиявӣ аз ҳама мавзеи хатарпазир маркази ноҳия аст ва ҳоло бештари қувва ва иқтидори мавҷуд барои пешгирӣ ва рафъи сел дар даргови Рохарви маркази ноҳия сафарбар шудааст. Аз лиҳози ин ки саргаҳи даргов дар баландӣ воқеъ аст ва маркази ноҳия дар ҳамвории нисбатан поин ҷойгир мебошад, хатари бисёр ҷиддӣ ба 300 хонавори тарафи рост ва ба бештар аз 300 хонавори тарафи чапу иншооти идороти маъмуриву тиҷоратӣ ва маишӣ таҳдид менамояд”.
Ҷамила Байдуллоева, корманди масъули Муассисаи давлатии обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси арзёбии онҳо гармои аз меъёр зиёд мушоҳида шудааст ва бояд дар Бадахшон ва минтақаи Рашт ҳолати фавқулода эълон шавад: “То охири моҳи ҷорӣ дар ин минтақа боронҳои кутоҳмуддат борад ҳам, аммо гармии ҳаво ба 32 дараҷа мерасад. Дар натиҷаи гармии ҳаво дар рӯзҳои гузашта ва обшавии барфу пирях дар куҳҳо ҳавзҳо ба вуҷуд омада, лабрез шудаанд, ки хатари кандашавии онҳо то аввали моҳи август вуҷуд дорад. Бинобар ин эълони вазъи фавқулодда на инки дар ин минтақа, балки дар ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла минтақаи Рашт низ зарур аст”.
Ҳоло ба гуфтаи Азимҷон Шамсиддинов дар минтақаҳои хатарзо вазъи фавқулода эълон шудааст ва раиси вилояти Бадахшон -- Шодихон Ҷамшед, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода -- Хайриддин Абдураҳимов ва дигар масъулони Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ қарор доранд, то аз хисорот ва талафоти эҳтимолӣ пешгирӣ шавад.
Ба гуфтаи ин масъули ҳукумати ноҳияи Ванҷ то имрӯз ба зарардидаҳо кумакҳои аввалия расонда шудааст, вале ҳамоно ниёзмандии шадид ба ёриҳо ва кумакҳои бештар вуҷуд дорад: “Ҳоло тамоми ниёзмандиҳо ва навъҳои кумак ҳисобу китоб шуда, дар ихтиёр ҳукумати кишвар гузошта шудааст ва умедворем дар фурсатҳои наздик кумакҳо расонда мешаванд”.
Баъзе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ин ҳушдори мутахассисон аз омадани дигарбораи селҳо дар ҳолест, ки техникаи лозим барои пешгирии ҳодисаҳои такрорӣ вуҷуд надорад ва омодагиҳои ҷиддӣ барои пешгири офатҳо гирифта нашудааст.
Дар ҷаласаи субҳи имрӯз, ки таҳти раёсати раиси ВМКБ ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Ситоди пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои селу обхезӣ дар Ванҷ доир шудааст, ба мақомоти масъул супориш шуда, ба афроди ниёзманд ба сохтани хонаҳои нав замин ҷудо гардад ва барои сохтани хонаҳо кумаки лозим расонда шавад.
То кунун роҳ ба ноҳияи Ванҷ, маркази вилоят ва дигар минтақаҳои ВМКБ баста аст ва гуфта мешавад, барои барқарор кардани пули тахрибшуда дар ҷамоати Водхуд муассисаи “Бадахшонроҳ” масъул аст. Ин корхона гуфта, талош мекунанд, то бегоҳи рӯзи 22 июл роҳро боз кунанд.
Селу обхезиҳо ба ноҳияи Ванҷ хисороти бузург расонда, 6 кушта бар ҷой гузошт. Ҳамчунин чандин хонаҳои сокинони ноҳия, пулҳои мошингузару пиёдагузар, миқдори зиёди заминҳои кишт, боғоту ҷангалзори мардуми ноҳияро шӯста ва вайрону валангор намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |