“Лаҳзаи хомӯшӣ” ва 10 ҳазор $-и “Шайх-ул-Ислом” ба селзадаҳо дар Тоҷикистон
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, имрӯз, 22-юми июл Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” дар Душанберо бо эълони лаҳзаи хомӯшӣ ба хотири қурбониёни сел дар Тоҷикистон оғоз бахшид.
Раҳмонзода зимни ҷаласа бо зикри дастурҳои президент ва талошҳои ҳукумат барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ки 7 куштаю 600 миллион сомонӣ хисорот дар пай доштаанд, изҳор дошт, ки хонаҳои нав бояд то 6-уми ноябр бунёд гарданд. Дар мавриди ифротгароӣ ва ДИИШ Раҳмонзода аз қавли президент изҳор дошт, ки терроризм дину мазҳаб надорад ва зарур хонд, ки мусалмонҳо алайҳи ин зуҳуроти бадномкунандаи Ислом муттаҳид шавад.
Шайх-ул Ислом Аллоҳшукур Почозода, раҳбари мусалмонҳои Қафқоз низ зимни ин ҳамоиш аз балад будани худ бо забони тоҷикӣ хабар дода, ба зарадидагони сел дар Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кард. Ӯ, ки бо забони тоҷикӣ баромад мекард, аз номи мусалмонҳои Қафқоз изҳор дошт, ки ба зарардидагони сел дар Тоҷикистон 10 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак хоҳад кард. Дар мавриди "ДИИШ" Почозода изҳор дошт, ки аз номи Ислом ба зарари Ислом кор мекунад ва таъкид намуд, ки кишварҳои мусалмонӣ алайҳи ин созмони террористӣ муттаҳид шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |