Бахшҳо

ВИДЕО: Вазири тоҷик додани 14 чоҳи газро ба Қирғизистон рад кард

Рустам Шоҳмуродзода, вазири адлияи Тоҷикистон иддаои мақомоти қирғизро дар мавриди он, ки Тоҷикистон 14 чоҳи газро дар ихтиёри Қирғизистон гузоштааст, рад кард.

Шоҳмуродзода, имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, чунин гап нест ва барои анҷоми чунин корҳо бояд созишномаҳо дар сатҳи ҳукуматҳо имзо шаванд, ки иҷро нашудааст: "Ба масъалаи марз комиссияи байниҳукуматӣ машғул аст ва барои ин воқеият бояд созишномаи дуҷониба баста шавад, ки иҷро нашудааст. Чунин гап нест".

ВИДЕОИ суҳбати Шоҳмуродзода дар бораи 14 чоҳи газ

Ин дар ҳолест, ки Уланбек Рисқулов, ноиби директори Агентии давлатии захираҳои минералӣ ва геологии Қирғизистон хабар додааст, ки Тоҷикистон 14 чоҳи газиро дар ихтиёри кишвараш гузоштааст.

Рисқулов зимни суҳбат дар Бишкек изҳор доштааст, дар раванди аломатгузории марзи давлатӣ чоҳҳои газие, ки дар қаламрави Қирғизистон буданду аз ҷониби ширкатҳои тоҷикӣ истифода мешуданд, ба моликияти ҳукумати Қирғизистон дода шуданд: “Нахуст мо бар ин будем, ки он ҷо 8 чоҳ аст, аммо вақте ба он макон рафтем, муайян кардем, ки он ҷо 14 чоҳ аст. Комиссияи махсус ташкил шуд, ки ҳар як чоҳро ташхис кард. Ҳамаи чоҳҳо замони шӯравӣ коркард шудаанд ва қисми зиёди онҳо кор намекунанд. Танҳо як чоҳи фаъол вуҷуд дорад ва феълан ду тои дигар барои кор омодаанду як чоҳи дигар дар ҳоли барқарорсозист”.

Ба гуфтаи ин мансабдори қирғиз феълан масъалаи ба тавозуни Фонди идоракунии моликияти давлатӣ гузарондани чоҳҳо дар ҳоли анҷомёбист ва дар оянда чоҳҳо ба ихтиёри ширкати “Қирғизнефтегаз” дода хоҳанд шуд: “Лӯлаи газ дар ин минтақаҳо ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шудааст ва он ба минтақаҳои аҳолинишини Мақсад ва Аркаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд наздик аст”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъалаи чоҳҳои газ дар марз яке аз масъалаҳои баҳсбарангез миёни Тоҷикисону Қирғизистон арзёбӣ мешуд. Тобистони соли 2013 нирӯҳои марзбонӣ коргарони ширкати "Суғд Петролеум"-ро аз мавзеи чоҳҳои гази Катта-Туз берун карда, изҳор доштанд, ки ин чоҳҳо ҳанӯз дар соли 1992 ба онҳо баргардонда мешуд. Ин дар ҳолест, ки ин конҳо аз соли 1974 - қариб 40 сол дар ихтиёри Тоҷикистон будаанд.
Мӯҳр
Точики суст
Чи гуям, ба ки гуям!? Аз ин сустииродагии точик дилам кафидани мешавад! Хама вакт хору залил, дар хама руйдод гунахгор, факат бохтро Худо насибаш кардааст. То кай ин тарсуй, акибнишини, аз даст додани замину сарвати ватан?! Кай бедор ва сохиби номус мешавед?!

хамуш
вазири адлия аз кай боз ба сохаи нафту газ саруклр гирифтааст. Вилояти Болканд ин моли халоли Точикон ва Точикистон аст, чи гуем аз 14 чох. Чаро даъвои хоку бум намекунем ва тарсу барин хамушем

Маънои " коргарони ширкати Сугд-петролиум ро берун карданд" чист??? Магар марз бе сохиб аст??? Ё ин ки хучум карда рондаанд ва мо хапем??? Асрор паси асрор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)