“Тоҷикагролизинг”: Трактор ва комбайни фурӯхташударо ҳанӯз аз Қирғизистон наовардаем
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” мегӯяд, амволи давлатие ки аз ҷониби раҳбари пешини ин ниҳод ғайриқонунӣ ба шаҳрванди Қирғизистон фурӯхта шуда буд, ҳанӯз баргардонида нашудааст.
Юсуф Шоев, раҳбари корхонаи “Тоҷикагролизинг” имрӯз, 22 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, барои баргардонидани ин амвол бо ҷониби Қирғизистон гуфтушунид идома дорад: “Аммо ҳанӯз барои гирифтани онҳо муваффақ нашудем”.
Ин дар ҳолест, ки дар нишасти хабарии моҳи январи “Тоҷикагролизинг” раҳбарияти он гуфт, дар зудтарин фурсат амволи ғайриқонунӣ фурӯхташуда баргардонида мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистн моҳи ноябри соли 2014 аз боздошти Аскар Шарифов, сокини 38-солаи ноҳияи Исфара, собиқ сардори “Тоҷикагролизинг” хабар дода гуфт, ӯ “моҳи январи соли 2014 бо сӯиистифода аз мансабаш, дидаю дониста, барои як адад трактори тамғаи “Тоҷирон”, ки ба корхонаи мазкур барои истифода дода шудааст, ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ омода карда, аз худ намудааст. Ӯ дар пайи тайёр намудани асноди тақаллубӣ тракторро ба шаҳрванди Қирғизистон, Одилов Абдувосит, соли таваллудаш 1970 ба маблағи 15 000 доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағи онро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст”.
Нуралӣ Акрамов, сардори шӯъбаи ҳуқуқ, кадр ва коргузории “Тоҷикагролизинг” моҳи январи соли равон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, Шарифов инчунин як комбайнро низ ба шаҳрванди Қирғизистон фурӯхтааст: “Ба фикри шахсии ман нооромиҳое, ки дар Исфара ба амал омад ва шояд Аскар Шарифов низ гумон кард, ки вазъият хуб намешавад ва ӯро намекобанд, ҳамин тариқ бо мақсади пулкоркунӣ амволи корхона як трактор ва як комбайнро фурӯхта, боқимонда амволи корхонаро бесоҳиб гузошта, ба Русия фирор кард”.
Дар акс Юсуф Шоев
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |