Паёми изтирории Сафорати ИМА дар робита ба офатҳои табиии Бадахшон
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи офатҳои табиии ахир чанд сафари расмияшро ба ин минтақа лағв кардааст.
Ин ниҳод бо пахши як пайёми изтирорӣ инчунин аз шаҳрвандони Амрико даъват карда, сафарҳои начандон зарури худро ба Бадахшони Куҳӣ ба таъхир андозанд. Дар паёми мазкур, ки торнамои расмии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон чанд лаҳза пештар мунташир кард, аз ҷумла омадааст: “Шаҳрвандони Амрико, ки феълан дар Бадахшон қарор доранд, онҷо кор мекунанд ё дар ҳоли сафар ба Бадахшон ҳастанд, дар минтақаҳои зарардида аз эҳтиёт кор бигиранд”.
Сафорат инчунин аз шаҳрвандони Амрико даъват намудааст, "раванди минбаъдаи авзоъро пайгирӣ намоянд".
Чанд рӯзи ахир дар пайи гармии зиёд сатҳи оби рӯдхонаҳо дар минтақаи Бадахшон баланд шуда, хисороти зиёде овард. Бино ба иттилои расида, ин офати табиӣ ҷони чанд нафарро ҳам гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |