Боздошти марди муттаҳам дар нигаҳдории наворҳои маҳрамонаи ноболиғон
Пулиси шаҳри Қарағандаи Қазоқистон як марди 34-соларо бо иттиҳоми маҷбур кардани наврасон ба ирсоли акс ва наворҳои маҳрамона боздошт кардааст.
Мақомоти пулис гуфтааст, ин мард ноболиғонро маҷбур кардааст, аз тариқи “Whats App” ба ӯ навор ва аксҳои маҳрамона равон кунанд. Расонаҳои қазоқӣ навиштаанд, волидони наврасон телефонҳои фарзандонашонро ба сифати далел ба идораи пулис бурдаанд, ки мукотибаи марди боздоштшуда бо ноболиғон ҳифз шудааст.
Ба иттилои манбаъ, гумонбар дар як сохтмони шаҳр ба ҳайси муҳофиз кор мекардааст. Феълан, ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |