Роҳи оҳан: Дархост аз Узбакистон, коҳиши нархҳо ва шикоят аз роҳбаладон
Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Узбакистон хостааст, қисмати тахрибшудаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузангро, ки ба вилояти Хатлон мепайвандад, дубора барқарор кунанд.
Баҳром Шодиев, муовини раҳбари ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” имрӯз, 21 июл дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, ин дархост дар вохӯрии ахири ҳайати кишвар бо ҳамтоёни узбакашон дар шаҳри Тошканд садо дод. Оқои Шодиев мегӯяд, “дар ин музокирот Тоҷикистон ду масъаларо баррасӣ кард, ки яке аз онҳо барқарор намудани қитъаи роҳи оҳани Тирмиз–Амузанг буд”. Муовини раҳбари ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” нагуфт, ки ҷониби Узбакистон ба ин дархост чӣ посухе додааст, аммо афзуд, “барқарор шудани ин роҳи оҳан интиқоли молу колоро осон карда, ба иқтисоди кишвар ҳам кумак хоҳад намуд”.
Қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон, ки қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро мепайваст ва роҳи транзитӣ барои Тоҷикистон ҳисоб мешуд, моҳи ноябри соли 2011 аз ҷониби мақомоти Узбакистон баста шуд. Тошканд он замон гуфт, ин қисмати роҳ гӯиё дар пайи як амали террористӣ ва тахриби як купрук масдуд гардидааст. Ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон аз омодагии худ барои бозсозии он пул хабар дод, вале Узбакистон таклифҳои Душанберо оиди кумак барои барқарор намудани пули мазкур беҷавоб гузошт.
Баҳром Шодиев, муовини раҳбари ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар идомаи нишасти хабарӣ гуфт, онҳо тасмим доранд, нархномаи тарифҳои худро поин бубаранд. Ӯ мегӯяд, тарифҳо дар солҳои 2009-2011 ҳам аз ҷониби Узбакистон ва ҳам аз ҷониби Тоҷикистон баланд шуда буд ва ҳоло онҳо ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, тарифҳо то 50 фоиз арзон ва боркашонӣ зиёд шавад: “Агар ҳаҷми боркашонӣ зиёд шавад, зарар намебинем. Мо пешниҳод кардем, ки тарифҳо аз ду тараф паст карда шавад”.
Ҷаноби Шодиев иброз намуд, ки тарифҳои “Роҳи оҳани Тоҷикистон” гуногун буда, ҳар роҳ тарифҳояшро худаш муайян мекунад. Ин тарифҳо ба намуд, вазни бор ва ҳаҷми масофаи роҳ вобастаанд. Ба иттилои масъулини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар нимсолаи аввали соли 2015 ҳаҷми боркашонӣ дар ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ду миллиону 860 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 346 ҳазор тонна ё 11,3 дарсад кам мебошад.
Дар нишасти хабарии ширкати “Роҳи оҳан” ба пулситонии роҳбаладон аз мусофирон ҳам дахл карда шуд. Шералӣ Қурбонов, сардори корхонаи воҳиди мусофирбарӣ гуфт, дар гузашта мусофирон дар мавриди пулситонии роҳбаладон арзу шикоят мекарданд, аммо ахиран ин шикоятҳо қариб нестанд: “Як сол пеш ҳаминхел арзу шикоятҳои шаҳрвандон як як ворид мешуд. Соли гузашта мо арзу шикоятҳоро баррасӣ намудем. 22 роҳбаладро барои ситонидани маблағи зиёду кашонидани бори иловагӣ ва мусофирони бе чипта аз кор озод кардем. Дар нимсолаи аввали соли 2015 ягон арзу шикоят ворид нашудааст”.
Абдулфайз Холиқов, сардори дирексияи сохтмони Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, дар мавриди ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон гуфт, то имрӯз 12 километр роҳи Душанбе-Ваҳдат-Ёвон васл шуда, зиёда аз 20 километри дигар дар арафаи анҷомёбист: “Айни ҳол корҳо рафта истодаанд, ягон мушкил нест, тамоми маҳсулот дастрас шуда истодааст. 11 ширкат дар ин роҳ фаъолият карда истодаанд”.
Ӯ афзуд, тибқи нақша роҳи мазкур, ки 40,7 киллометр дарозӣ дорад, то ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон бунёд мешавад
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |