Паёми Э. Раҳмон ба Эрдуғон дар мавриди инфиҷори духтари 18-сола

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқияи тасаллият ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар робита ба инфиҷори мудҳиш дар шаҳри Суруҷ изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Эрдуғон аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори инфиҷори мудҳишро дар шаҳри Суруҷи Ҷумҳурии Туркия, ки муҷиби қурбонӣ гаштани даҳҳо нафар мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани теъдоди зиёди онҳо шудааст, бо андўҳи бузург қабул намуданд. Ин амали таассуфангези ғайриинсонӣ зарурати идомаи муборизаи беамони сарҷамъонаи аҳли башарро алайҳи “вабои аср” – терроризм қотеъона таъкид менамояд. Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дўсти Туркия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд. Ба маҷрўҳшудагон шифои комил орзумандам».
Ин паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои туркаш дар ҳолест, ки 20-уми июл, дар яке аз мавзеъҳои фарҳангии шаҳри Суруҷи Туркия, як духтари 18 сола дар издиҳоми одамон худро инфиҷор кардааст. Дар натиҷаи ин таркиш 31 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 нафар захмӣ гардидаанд. Коршиносони Туркия тахмин мекунанд, ки духтаре, ки худро тарконидааст, узви гуруҳи ба ном “Давалти Исломӣ” будааст. Ба иттилои расонаҳои туркӣ аз рӯйи ин ҳодисаи мудҳиш парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |