АКС: Роҳандозии кумак ба зарардидагони сел тавассути терминалҳои пардохтӣ

Маъракаи ҷамъоварии маблағ ба сокинони аз сел зарардидаи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон тавассути терминалҳои пардохтӣ низ шурӯъ гардид. Ин иқдом, ки дар ҳоли ҳозир тавассути терминалҳои пардохтии ширкати Кивӣ роҳандозӣ шудааст, ташаббуси фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар буда, маблағи ҷамъшуда тавассути Фонди рушди Тоҷикистон ба сокинон хоҳад расид.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар пайи баланд шудани сатҳи оби дарё дар деҳаи Барсем 41 хона, дар деҳаи Бердибекобод 3 хона ва дар деҳаи Колхозобод 12 хонаи истиқоматӣ пурра зарар дидаанд: “Инчунин бар асари ин офати табиӣ 1 мактаб, 6 мағоза, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Хоруғ-Мурғоб, 2 километр роҳи аҳамияти маҳалидошта, 2 километр хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 квт, 2 километр хатти интиқоли шиддатноки 10 квт, 5 адад мошинсарой, 3000 адад дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, 6 адад автомашина, 6 адад ҷуйбори обёрикунанда, дар деҳаи Барсем ба масофаи 250-300 метр, 1 адад ҷуйбори обёрикунанда дар деҳаи Бердибекобод ба масофаи 950 метр, 2 адад пули пиёдагард ва 2 адад пули мошингузар пурра хароб гаштаанд”.
Тибқи ҳисобҳои пешакии Кумита, зарари ин сел ҳудуди 19 миллиону 353 ҳазор сомониро ташкил додааст. Манбаъ афзуд, зарари асосӣ баъди канда шудани садди обанборе, ки дар пайи фаромадани сел ба вуҷуд омад, расидааст: "Феълан вазъ дар ҷои ҳодиса муътадил буда, сатҳи об поин фаромадааст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |