Узбакистон: Касе бо фонограмма мехонад, литсензия намегирад

Дар Узбакистон ба хонандаҳое, ки бидуни фонограмма овозхонӣ карда наметавонанд, иҷозатнома ё литсезния дода намешавад.
Бино ба иттилои расонаҳои ин кишвар, сарояндаҳо муваззафанд барои дарёфти литсензия назди комиссияи вижа “зинда” ё бидуни фонограмма ҳунарнамоӣ кунанд. Uz24.uz менависад, ҳар нафаре, ки аз уҳдаи ин кор набаромад, иҷозатнома намегирад.
Қаблан барои гирифтани иҷозатнома танҳо пешниҳоди суруд дар фиттаҳо кофӣ буд ва дар назди мутахассисони иттиҳодияи “Узбекнаво” ҳозир шудани овозхон зарур шуморида намешуд.
Нашрияи “Даракчи” аз қавли Азизбек Турдиев, намояндаи “Узбекнаво” менависад, тибқи муқаррароти нав ҳар сарояндае, ки мехоҳад иҷозатномаи хонандагӣ бигирад, бояд ба “Узбекнаво” муроҷиат намуда, назди комиссия суруд бихонад: “Ҷиҳати дарёфти литсензия барои баргузор кардани консерт, ки дар як сол танҳо як маротиба дода мешавад, сароянда бояд дасти кам 60 дарсади сурудҳоеро, ки қарор аст дар консерт садо диҳанд, “зинда” иҷро кунад”.
Турдиев гуфтааст, “акнун мо имкон намедиҳем, ки тамошобинонро бо сад сад сад фонограмма фиреб диҳанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |