Убайдуллоев: Маоши якмоҳаамонро ба зарардидагон медиҳем
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 21-уми июл зимни ҷаласаи ин ниҳод аз аъзои Маҷлис даъват намуд, ки маоши якмоҳаашонро ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон диҳанд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз рафти ҷаласа иттилоъ дод, Убайдулоев нахуст дар хитоб ба аъзои Маҷлиси Миллӣ пешниҳод кард, ки маоши якмоҳа ё ҳадди ақал ниммоҳаашонро ба зарардидагони офатҳои табиӣ диҳанд. Ӯ назари аъзои Маҷлисро пурсид, ки оё зарур аст, ин масъаларо ба овоздиҳӣ монанд: “Аъзои Маҷлис, ки роҳбарони вилоятҳо, ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳои дигар мебошанд, посух доданд, ки зарурат надорад ва онҳо беовоздиҳӣ маоши якмоҳаашонро ба зарардидагон хоҳанд дод”.
Убайдуллоев ин иқдомро хайрхоҳона арзёбӣ карда, афзуд, онҳое, ки имкон доранд, метавонанд бештар аз маошашон ба осебдидагон кӯмак кунанд.
Ин иқдом дар ҳолест, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 20-уми июл дар мулоқот бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ҳаҷми зарари офатҳои ахири табииро дар Тоҷикистон беш аз 50 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, барои барқарорсозию бартараф кардани оқибатҳои он аз ҷаҳониён кӯмак хост.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |