Пешоҳанги тибб
Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино
Ҷарроҳии умумӣ - бахше аз тибб мебошад, ки бештар бо узвҳои дохили шикам, монанди сурхрӯда, меъда, рӯдаи борик, рӯдаи ғафс, ҷигар, ғадуди зеъри меъда, талхадон ва ғадуди сипаришакл сару кор дорад. Ҷарроҳии умумӣ инчунин бо бемориҳои пӯст, сина, бофтаҳои мулоим, ки нишонаи варамӣ доранд ва чурраҳо сару кор дорад. Ҳар як амалиёти ҷарроҳӣ се даврараи асосиро дар бар мегирад: таъмини дастраси ба узви дардманд тариқи бурриш, ҷарроҳии бевоситаи узв, барқарор намудани комили бофтаҳои буридашуда. Ҷарроҳиро бе шак метавон пешоҳанги тибб номид. Дар ин бахш ҳар ҳаракат бояд ҳамаҷониба ва дақиқ санҷида шуда, арзёбӣ ва иҷро гардад.
Имрӯзҳо яке аз бемориҳои узвҳои ҳозима, ки аз тариқи ҷарроҳи умумӣ дармон мешавад, бемории холесистит ва санги талхадон мебошанд. Тибқи омор аз 8 то12% аҳолии кишварҳи пешрафта ба бемории санги талхадон мубтало мебошад. Сабаби пайдо шудани санг дар талхадон дар бештари маврид фарбеҳии зиёд, бемории ҷигар, халалдор гардидани мубодилаи чарби ва ҳормонҳо, бемориҳои талхадон ва нойҳои ҷигар, монеъаҳои гуногуни механикӣ ва фукксионалии пас ҷорӣ шудани заҳра ба шумор мераванд. Дар тибби имрӯза усулҳои гуногуни табобати ин бемори мавҷуд аст, ки ба онҳо парҳез ва истеъмоли доруҳо аз он љумла аст. Аммо ин роҳҳои табобат на ҳамеша муфид қарор мегиранд. Ва дар мавориде зарурати бо роҳи ҷарроҳӣ табобат кардани он пеш меояд. Яъне тариқи ҷарроҳӣ бурида гирифтани талхадон ё ба истилоҳи тиббӣ - холетсистэктомия.
Дар шароити феълӣ аз ҳама усули паҳнгардида ва маъруфи ҷарроҳии бемории санги талхадон холесистэктомияи лапараскопӣ ба шумор меравад. Бартарии ин усул, дар он аст, буриш ба маротиб кам гардида, дар натиҷаи дард ҳам коҳиш меёбад ва бемор зудтар барқарор шуда, мураххас мешавад. Ҳангоми бо усули лапараскопӣ бурида партофтани талхадон, бемор метавонад баъди 4-5 рӯз аллакай ба фаъолияти меҳнатиаш идома диҳад. Барои муайян намудани беҳтарин шеваи ҷарроҳӣ мариз бояд ҳатман аз дапқиқан ташхис бишавад, ки ин ташхис муоинаи клиникӣ ва биохимиявии хун, УЗИ-и талхадон, ғадуди зери меъда, ҷигар, испурч ва дар ҳолати зарури гурдаҳову пешобдонро дар бар мегирад.
Усули лапараскопии ҷарроҳӣ тариқи чанд сӯрох анҷом мешавад ва бадан аз бурриши зиёд маҳфуз мемонад. Барои дар дохили шикам ба вуҷуд овардани фазо барои муоина ва кор, ба дохили он гази тозакардашуда - дар бештари маврид окиси карбон (СО2)-ро ворид мекунанд. Баъд аз ин тамоми узвҳои ковокии шикам дар экрани видиё ба хубӣ намоён мегарданд. Барои амали ҷарроҳӣ дар бештари маврид аз троакар (асбоби ҷарроҳӣ барои берун кардани фасод) истифода мебаранд. Ба василаи он ба ковокии шикам лапараскоп ва асбобҳои зарури дигар ворид карда мешаванд. Баъд аз ворид кардани асбобҳо, давраи асосии ҷарроҳӣ - буридани бевоситаи талхадон оғоз мегардад. Ин амалкард ба василаи қайчи, исканҷа, чангак ва дастгоҳи махсус сурат мегирад. Ҷарроҳ талхадонро аз таги он ба сӯи боло мекашад ва дар натиҷа имкони ҷудо кардани маҳтавро дар қисмати гарданаи узв пайдо мекунад ва хеле моҳирона ба василаи чангаки барқии ҷарроҳӣ талхадонро аз ҷигар ҷудо месозад. Баъд аз ҷудо намудани узв, ковокии шикамро шуста, ба василаи берункашаки барқӣ хушк карда, ба ҷои пештараи талхадон нойчаи борикеро ба хотири пешгири кардани сирояти шикам, ворид месозанд. Талхадон бошад ба назди сӯрох оварда шуда, ба воситаи троакар берун карда мешавад. Бо ҳамин ҷарроҳӣ ба поён мерасад.
Бартарии асосии холесистэктомияи лапараскопӣ, давраи сабуки баъдиҷарроҳӣ мебошад. Дар мариз дардҳои начандон сахт дар қисматҳои воридшудаи троакарҳо ва қисмати пушти китфҳояш, ба хотири ворид намудани гози карбон мушоҳида мешавад. Дар давраи баъдиҷарроҳи бемор 2 соат дар шӯъбаи табобати махсус боқӣ мемонад ва баъд ӯро ба ҳуљраи маъмулии бемористон мегузаронанд. Дар муддати 4 - 6 соати аввали баъди ҷарроҳӣ, ба бемор нӯшидан ва аз ҷойи хобаш баланд шудан манъ карда шудааст. Баъд аз ин мӯҳлат ба мариз иҷозаи нӯшидани оби бе гозро дар миқдори начандон зиёд медиҳанд, ки ин миқдор набояд аз ним литр бештар бошад. Бемор инчунин метавонад аз тахти хобаш баланд шавад, албатта дар дафъаи аввал таҳти назорати корманони бемористон. Рӯзи дигар аз ковокии шиками бемор нойчаи борикро мегиранд. Ин муолиҷаи бе дард буда, дар рафти захмбандии ҳаррӯза анҷом мегирад.
Бахши ҷарроҳии умумии Бемористони Ибни Сино, яке аз бахшҳои беҳтарин дар бемористон ба шумор меравад. Бахши ҷарроҳии умумӣ бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ба мутахассисони он имкон медиҳад, бештари амалҳои ҷарроҳиро ва аз ҷумла ҷарроҳиҳои лапараскопиро, дар сатҳи баланд анҷом диҳанд. Бинобарин, муроҷиати сари вақтии ҳар мариз, бо ин ё он беморӣ ба мутахассиси хуб, метавонад саломатӣ ва некӯаҳволии ӯро маҳфуз нигаҳ дорад. Дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" амал мекунад, ки ҳадафаш дастрас гардонидани хизматрасониҳои муосири тиббӣ ба аҳолии кишвар мебошад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, худ ва наздиконатонро суғурта намоед ва бо нархи дастрас аз дастовардҳои тиббӣ муосир баҳраманд гардед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |