Заҳролудшавӣ ва ҳалокати 4 корманди “ЖКХ” дар Хатлон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, баъди зуҳри 20-уми июл дар пайи заҳролудшавӣ 4 корманди хоҷагию манзилӣ дар вилояти Хатлон ба ҳалокат расидаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 20-уми июл, соати 15:50-дақиқа кормандони корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Хуросон - марди 39-сола, ду марди 58-сола ва як марди 48-сола ҳангоми тозакунии чоҳи ахлотгузар заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҳалокшудагон сокинони ноҳияи Хуросон буда, аз бӯи гази метан дар дохили чоҳи яке аз биноҳои истиқоматии ин ноҳия беҳуш шуда, дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ бо таъйиди ин хабар афзуд, ки ҳалокшудагон - истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, деҳаи Кушлич, Бобояров Аҳмад, соли тавалуддаш 1957, Холмуродов Қурбоналӣ, соли тавалуддаш 1967, Ашуров Холмаҳмад, соли тавалуддаш 1967 ва Абдураҳимов Пардаалӣ, соли тавалуддаш 1976, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Обикиики, деҳаи Бригадир, мебошанд.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки шаҳрвандони марҳум қоидаҳои бехатариро риоя накарда, бе ниқобҳо вориди чоҳ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |