Сокини 41-солаи Исфара дар куштори бародараш муттаҳам мешавад
Раёсати умури дохилии Суғд аз куштори як сокини 34-солаи шаҳри Исфара аз дасти бародараш хабар медиҳад.
Аз дафтари матбуотии ин ниҳод рӯзи 21 июл ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, шоми рӯзи гузашта (20 июл) дар шаҳри Исфара ду бародар - яке 41-сола ва дигарӣ 34-сола, бо ҳам муноқиша мекунанд: “Бародари калонӣ ба бадани бародари худ ду маротиба корд мезанад. Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, гумонбаршаванда боздошт ва нисбати ӯ бар асоси моддаи 104, қ. 2 – “Куштор”, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст: “Тафтишот иллати аслии сар задани муноқишаи ин ду бародарро муайян мекунад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |