Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, шоми 20-уми июл дар пайи фаромадани сел ва боришоти зиёд дар ноҳияи Рашт беш аз 150 хоҷагӣ зарар дида, як ҷавони 28-сола ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 20 июл тақрибан соати 17.30 дар ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, деҳаи Панбуни минтақаи Рашт ярч пеши дарёи Камаровро банд кард, ки дар натиҷа 6 хонаи истиқоматӣ қисман, 2 оғилхона пурра, 10 км роҳи байни деҳа, 2 кӯпруки одамгузар, 1 кӯпруки мошингузар, 2 осиёб ва 1 истироҳатгоҳи шахсӣ пурра вайрон гардид: “Инчунин бар асари боришот дар ҷамоати деҳоти Навдӣ, деҳаи Бедак зиёда аз 50 хоҷагӣ пурра, 100 хоҷагӣ қисман зарар дида, инчунин шаҳрванд Мунаваршоҳ Сироҷов, маъюби гурӯҳи 1, истиқоматкунандаи деҳаи Бедак, соли таваллудаш 1987 ҳалок гардид”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода афзуд, ки дар деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Кашшот бар асари боришоти сахти кӯтоҳмуддат аз ду тарафи деҳа сел фаромада, дар натиҷа заминҳои кишт зарар диданд: “Дар деҳаи Октангии ҷамоати деҳоти Шаҳристони вилояти Суғд бар асари боришоти зиёд 200 метр роҳи мошингарди деҳа банд гардида, 1 гектар замини гандум, 0,5 гектар картошка, 50 сафеддор, 500 чорвои майда нобуд гардидаст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |