Боздошти тоҷири чинӣ барои 3 миллион пора ба корманди Р.Эмомалӣ
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, ниҳоди зертобеи Рустами Эмомалӣ аз боздошти Ин Сюан Де, соҳибкори чинӣ бо тарҷумонаш хабар дод, ки ба мансабдори ин Оҷонсӣ 3 миллион сомонӣ ба ҳайси пора додаанд.
Тибқи иттилои манбаи “Озодагон” масъули Оҷонсии зидди фасод зимни санҷиши фаъолияти ширкати “Сад дарё” тайи солҳои 2011-2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор кардааст: “Муайян шудааст, ки ширкати “Сад дарё”, ки роҳбарии онро Ин Сюан Де ба уҳда доштааст, маблағҳои зиёдро аз худ намудааст. Аз ҷумла ба изофанависиҳо дар арзиш ва ҳаҷми корҳои анҷомдода даст задааст”.
Оҷонсӣ мегӯяд, барои пинҳон кардани қонуншиканиҳо шаҳрванди Чин бо тарҷумони тоҷикаш-Улуғбек Аҳроров рӯзҳои 7-8-уми июл ба масъули Оҷонсии зидди фасод 3 миллион сомонӣ пора пешниҳод кардаанд. Манбаъ афзуд, масъули Оҷонсӣ ҳушдор додааст, ки ин кори роҳбари ширкат хилофи қонун мебошад: “Бо вуҷуди ин дар пайи чорабиниҳои оперативӣ 16-уми июли соли равон Ин Сюан Де бо тарҷумонаш баъди додани се миллион сомонӣ ба мансабдори Оҷонсии зидди фасод боздошт гардиданд”.
Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод феълан алайҳи Ин Сюан Де бо моддаи 32 қисми 3 ва 320-и Кодекси ҷиноӣ барои сӯиқасди додани пора ба шахси мансабдор ва нисбати тарҷумонаш бо модаи 347, барои хабар надодан аз содиршавии ҷиноят парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |