Ҳалокати 7 нафар дар пайи селфароӣ ва муроҷиати ҳукумат ба ҷаҳониён
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи зери сел мондани мошини Старекс дар ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ 5 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Сокинони ноҳияи Ванҷ ба “Озодагон” изҳор доштанд, дар старексе, ки миёни деҳаҳои Бунай ва Рави ноҳияи Ванҷ зери сел мондааст, 5 нафар ҷон додаанд, ки феълан ҷасади ҳамаашон ба наздиконашон супорида шудаанд.
Инчунин Ситоди ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ванҷ аз масдуд будани роҳи Душанбе-Хоруғ хабар дода, афзуд, ки ҳангоми корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи Даштаки Ванҷ бегоҳи 20-уми июл дубора сел фаромад, ки дар натиҷа як роҳсоз ба ҳалокат расидааст: “Нахуст соати 11-и 20-уми июл дар километри 450-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе, дар мавзеи Даштак сел фаромада як пулро пурра хароб кард. Ҳангоми иҷрои корҳои барқарорсозӣ дар ин ҷо соати 19-и бегоҳ дубора сел фаромада, пули муваққатиро пурра вайрон ва ду адад техникаи роҳсозиро худ бурд. Дар натиҷа ронандаи яке аз ин мошинҳои роҳсозӣ низ ба ҳалокат расид”.
Ба иттилои масъулин феълан оби дарё дар ноҳияи Ванҷ аз меъёр зиёд шуда, ба беш аз 50 хонаи истиқоматӣ таҳдид мекунад. Манобеи “Озодагон” мегӯянд, селфароии 20-уми июл дар ноҳияи Рашт низ боиси ҳалокати як ҷавони 28-сола ва хисороти зиёди моддӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон хисороти офатҳои ахири табииро дар кишвар беш аз 50 миллион доллар ҳисоб карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунанд. Чунин дархостро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 20-уми июл дар мулоқот бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе баён кардааст. Сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, бар асари офатҳои табиии рўзҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рўшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Мастчоҳи Кўҳӣ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷилликули вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурўҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу купрукҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорў гузоштаанд: "Намояндагии корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мадарасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар навбати худ барои иштирок дар раванди барқарорсозӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон омодагию ҳавасмандии худро изҳор намуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |