Шӯрои ВАО дар ҷаласаи худ “дастури хавфнок”-ро ҳам ба баҳс мекашад
Аъзои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ дар мавриди суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати кишвар, ки аз ҷониби коршиносони умури ВАО “дастури хавфнок” арзёбӣ шуд, изҳори назар хоҳанд кард.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО ва раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҷаласаи шӯро рӯзи ҷумъаи 24 июл баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, дар ин ҷаласа протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон низ ба баҳс кашида мешавад: “Дар ҷаласаи шӯро масоили марбут ба фаъолияти ин созмон баррасӣ мегардад. Азбаски масъалаи протокол сару садои зиёд дорад, нисбати он низ ибрози назар карда мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории “Озодагон” ахиран суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кард, ки дар инҳисори хабаргузории “Ховар” қарор додани иттилооти расмии кишварро тасдиқ мекунад. Ин қарор, ки аз ҷониби коршиносони умури ВАО “дастури хавфнок” арзёбӣ шудааст, дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 30 июни соли равон қабул гардидааст.
Дар суратҷаласа ё протоколи ин маҷлис ном ва насаби раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон навишта шуда дар он гуфта мешавад, иттилооти расмӣ ибтидо ба АМИТ “Ховар” ва аз тариқи “Ховар” ба дигар расонаҳо пешниҳод шавад. Дар суратҷаласаи мазкур аз ҷумла гуфта мешавад: “Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Раёсати илму маърифат минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурявӣ ва соҳавии дахлдор ба воистаи АМИТ “Ховар” ба роҳ монда шуда, пас аз он барои пахши барнома ё иттилоот ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби агентӣ фиристода шавад. Иштироки намояндаи ҳатмии “Ховар” дар чорабиниҳои зикргардида дар назар дошта шавад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти далатӣ аз натиҷаи иҷрои супоришҳои протоколи мазкур ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |