Стивен Ванакере, вазири корҳои хориҷии Белгия зимни мулоқоташ бо Рустамҷон Солиев,сафири Тоҷикистон дар он кишвар ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо миёни Белгия ва Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда омодагии мамлакаташро баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба изҳор дошт.
Аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инвеститсионӣ, маориф, илм ва фарҳанг муҳокима намудаанд. Рустамҷон Солиев, зимни ин ҳамоиш роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат, нақши калидии Тоҷикистон дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, саҳми Тоҷикистон дар бозсозии иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маълумоти муфассал пешкаш намудааст.
Маврид ба ёдоварист, муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия аз 29 апрели соли 2001 ба роҳ монда шудааст. Соли 2001 дар Белгия сафорати Тоҷикистон, инчунин намояндагии доимӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо кушода шуд. Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Белгия то соли 2009 2,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр