Бахшҳо
20 июл 2015 11:39Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси Кумитаи андоз: Талош мекунем, ки “Вавилон М” фаъолият кунад...(ВИДЕО)

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бо роҳбарияти “Вавилон М” созиши шифоҳӣ доранд, ки 341 миллион сомонии буҷаро давра ба давра бо назардошти имкониятҳо пардохт хоҳад кард.

Давлатзода имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо назардошти имконияти молии корхона талош мекунанд, ки “Вавилон М” ҳам фаъолият кунаду ҳам қарзашро марҳила ба марҳила пардохт кунад: “Мо дар ин бора бо роҳбарияти ширкат шифоҳӣ созиш ҳам кардем. Аз 341 миллион сомонӣ қарз аллакай дар ду моҳи гузашта 5 миллионро рӯёндем ва кӯшиш мекунем дар моҳҳои баъдӣ боқимондаро ба буҷаи давлат ворид кунем. Мо уҳдадорем, ки тибқи қарори суд барои рӯёндани ин қарз чораандешӣ кунем”.

Ин дар ҳолест, ки Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе даъвои Кумитаи андозро алайҳи “Вавилон-М” қонунӣ хонда, афзуд, ки даъвои кассатсионии ширкатро рад кардаанд.

Мансурзода гуфт, “Вавилон М” аз додгоҳ дархост карда буд, ки санади санҷишӣ ва қарор барои рӯёнидани 341 миллион сомонӣ андоз, ҷарима ва фоизҳо аз ин ширкат қисман бекор карда шавад: “Дар марҳилаи қаблӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 228 ҳазор сомонӣ даъвои Кумитаи андоз алайҳи “Вавилон М” бекор карда шуд. Дар қисмҳои дигар дар ҳамаи марҳилаҳои судӣ даъвои Кумитаи андоз асоснок карда шудааст”.

Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ илова намуд, ки “мо дар ин баҳс нуқта гузоштем ва ҳоло ин қарор дар ҳоли иҷро қарор дорад”. Ба суол, ки оё додгоҳ имконияти ширкатро барои пардохти чунин маблағ ба назар гирифтааст, Мансурзода изҳор дошт, ки қазияро танҳо аз нигоҳи қонунӣ баррасӣ мекунанд ва ба имконияти молии ширкатҳо баҳо намедиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати “Вавилон М” дар робита ба 341 миллион сомонии баҳсӣ ба додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Додгоҳи қонуни асосии кишвар муроҷиат карда, ҷавоби рад гирифт.




Айни видео дар bambuser
Мӯҳр
Миёни макомоти расмии хукумати ва ширкатхои алохида шартномаи шифохи хам баста мешавад? Хеле ачиб ку. Инро дар конунгузори чи гуна ба расмият медароранд ва чи гана татбик мекунанд?

душанбе
Вавилон дар точикистон мебанданд бафикрам чи гунох Карла бошад?

99
Ман ҳайронам, ки ҳамин "Вавилон" солҳо кор мекунаду то ҳол 10 метр аз Душанбе берун мавҷ надорад. NGN-аш бошад, тамоман хуб кор намекунад. Аз куҷо ин қадар қарздор шуда бошад? То ин солҳо ин "Андозковако" куҷо буданд?
Ба фикрам, доля кам шудагӣ ва ба баъзеҳо нарасидагӣ!

Вақташанда гуфтам: "Доляшона тид!"
Гуфтид, ки: "Мо гурги борондида шуда бурафтагӣ"
О, ино 20 сол пеш БОРОН будан. Ҳозир, инО ҶОЛА шуда бурафтагӣ!!!

андозбек
Чи хел созиш бошад созишномаи чентелментский. дар асоси талаботхои Н. Давлатзода е супориши боло.

Натичаи бахси Вавилон бо Кумитаи андоз нишон дод, ки дигар сохибкорон наметавонанд ба Конун эътимод ва такя кунанд. Дар сурати ёфтани камбуди ва хатто гайриконуни чаримандишуданашон низ онхо набояд ба суд мурочиат кунанд. Онхобояд фвран бо худи намояндагони кумитаи андоз ва ё рохбарияти он гапзанон карда мушкилоташонро хал кунанд. Шахсан ман аз натичаи ин бахс ба хулосае омадам, ки каври конун кайхо канда шудааст ва судхои мо конунро кайхо дафн кардагиянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)