Бахшҳо
16 июл 2015 17:35Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ошкори шудани куштори майори милиса дар роҳи Суғд: Ӯ истод, то кӯмак кунад...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани қазияи куштори майори милиса Бахтиёр Нарзуллоев, нозири калони ШВКД дар шаҳри Истаравшан хабар дод.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 13-уми июли соли 2015, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ҷасади майори милитсия Нарзуллоев Бахтиёр Ҷамолович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Шаҳристон, нозири калони ШВКД дар шаҳри Истаравшан, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Ба иттилои манбаъ зимни корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки шаҳрванд Ботуров Зариф Хушбахтович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Истаравшан нисбати майор Нарзуллоев хусумати шахсӣ доштааст ва фурсат меҷустааст, то ба ӯ зарар расонад: “Шаби 12 ба 13-уми июл Ботуров бо баҳонаи он, ки мошинаш вайрон шудааст, мошини майор Нарзуллоевро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок-Хуҷанд манъ намуда, аз ӯ чархи эҳтиётӣ ва асбоби борбардор (дамкрат) талаб мекунад”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, вақте Нарзуллоев ба нияти кӯмак аз мошинаш фаромада, мехоҳад аз боғоҷ асбобҳоро гирифта ба Ботуров диҳад: “Дар ин ҳангом Ботуров ба узвҳои бадани марҳум бо бераҳмии махсус 5 маротиба бо корд зада, ӯро аз ҳаёт маҳрум месозад. Сипас ҷасадро дар автомашинаи худи мақтул ба курсии ақиб гузошта, бо мақсади тоза намудани иззи ҷиноят 6-7 километр дуртар ба ҷои пастхамӣ мебарад. Дар он ҷо бензини овардаашро ба мошин пошида, автомашинаро оташ мезанад ва худ пиёда ба назди воситаи нақлиёташ бармегардад. Дар натиҷа воситаи нақлиёт қисман сӯхта, оташ хомӯш мегардад”.

Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ феълан Ботуров бо иттиҳоми куштор дастгир гардида, аз ӯ далели шайъӣ – корд гирифта шуд: “Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 104 қисми 2 алайҳи муттаҳам мавриди тафтиш қарор дорад”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, майори милитсия Нарзуллоев Бахтиёр Ҷамолович дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1997 инҷониб ва дар вазифаи нозири калони ШВКД-и шаҳри Истаравшан аз моҳи январи соли 2015 содиқона ва софдилона фаъолият намуда, аз ҷониби роҳбарият барои хизматҳои поквиҷдодонона чанд маротиба бо медалу нишони сарисинагӣ мукофотонида шудааст.
Мӯҳр
филолог
Ошкор шудани куштор? Ин хели гап хам хаст ми? Шояд манзурашон ошкор шудани котили милиса бошад?

Худо рахматаш кунад! Дар дахаи мохи шарифи рамазон аз олам даргузашт. Дар хакикат хаёту мамоти милисахо хамеша дар хатар аст.

шаҳрибону
Баъзе ҳолатҳо мешавад, ки бо вуҷуди зан буданам, муносибатҳои милисаҳо бомардума дида ҳамихел гизала асабӣ мешавам, ки худ ба худ мегуям кош мард мебудаму зурам мерасид чор панҷтои ин золимона нобуд мекардаму 100 бошад ҳам беалам дар турма мешиштам. Ман аз бепарвогиву тарсончакии бисёре аз мардҳо хело афсус мехурам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)