Кумита: Афзоиши ғарқшавӣ ба гармӣ ва норозигӣ аз зиндагӣ марбут аст

Генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ғарқшавии рӯзафзуни сокинони кишварро дар соли равон ба норозигӣ аз зиндагӣ, ҳавои гарм ва беназоратии волидайн рабт дод.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар 6 моҳи аввали соли равон 54 ва 8 рӯзи аввали июл 24 нафар, дар маҷмуъ 78 нафар ғарқ шудаанд. Дар ҳоле, ки ин нишондод нимсолаи аввали соли гузашта ба 31 нафар баробар будааст.
Генерал Абдураҳимов дар шарҳи афзоиши ғарқшавии одамон гуфт имсол нисбати солҳои пешӣ гармии ҳаво бештар аст ва беназоратии падару модарону норозигии бархе аз зиндагӣ боиси афзоиши теъдоди ғарқшудагон гардидааст. Абдураҳимов қазияи Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвонро зикр кард, ки бо се кӯдакаш дар Душанбе худро ба дарё андохт.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон афзуд, ки аз соли 2010 мувофиқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи фавқулода пурра зарар дидаанд - 1500 сомонӣ, қисман зарар дидаанд - 600 сомонӣ ва хонаводаҳои ҳалокшудаҳо - 1000 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Ӯ илова намуд, ба хонаводаҳои нафароне, ки ба об ғарқ мешаванд, кӯмак ироа намегардад, зеро ин ба ҳодисаи нохуш шомил мешавад.
Абдураҳимов таъкид намуд, ки барои кам кардани чунин нохушиҳо пайваста бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |