Истеъфои Муҳсин Муҳаммадиев аз мақоми сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон аз мақомаш истеъфо додааст. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Муҳаммадиев дар шарҳи ин тасмими худ гуфта, он ба нокомии мунтахаби кишвар дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол рабт дорад: “Баъди оғози номуваффақи тими миллӣ дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки дар ду бозӣ ҳамагӣ як имтиёз гирифтем, тасмим гирифтам истеъфо бидиҳам. Хеле мутаасифам, ки талоши якҷояи мо натиҷаи мусбӣ наоварду натиҷа чунин шуд. Барои ин натиҷа тамоми масъулиятро ман бар душ мегирам”.
Ӯ дар идома аз раҳбарияти Федератсияи футболи кишвар, аз ҷумла президенти он Рустами Эмомалӣ ва ноиби аввали ӯ -- Хуршед Мирзоев барои кӯмак ва дастгириҳо изҳори сипос кардааст. Муҳсин Муҳаммадиев ба футболбозони тими миллӣ ва мухлисони футбол ҳам ташаккур гуфтааст.
Муҳсин Муҳаммадиев ду соли пеш дар курсии сармураббии футболи кишвар нишаста буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |