Президент техникаи мавҷударо барои фаъолсозии “Роғун” кофӣ хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 16-уми июл, дар рӯзи дуюми боздидаш аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо кор дар майдончаҳои назоратӣ, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, коллекторҳои обпарто, толори трансформаторҳо, нақби пиёдагард, толори агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар шинос шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми нерӯгоҳ басанда аст: “Зикр карда шуд, ки то 1-уми июли соли 2015 аз мавзеъҳое, ки зери об мемонанд, 30 миллиону 700 ҳазор метри мукааб сангу шағал ба анборҳо дар баландиҳо кашонда, захира карда шудааст ва ин кор бомаром идома дорад”.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шароити фароғатӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра пурсон шуда, ба масъулин барои муҳайёсозии беҳтарин шароит супоришҳои иловагӣ дод: “Коргарону мутахассисони нерӯгоҳ изҳор доштанд, ки вусъат бахшидани корҳо дар ин иншоот, иҷрои саривақтии нақшаи тақвимӣ, риояи технологияи иҷрои корҳо, талаботи меъёрҳои амалкунанда ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ ҳамеша таҳти назорат қарор доранд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аён гардид, ки корҳо дар ҳама ҷо бо сифати баланди ҷавобгӯй бо стандартҳои байналмилалӣ, тибқи тавсияҳои коршиносони муътабари Бонки ҷаҳонӣ, бо рӯҳияи баланди бунёдкорию созандагии бинокорон идома доранд: “Пас аз анҷоми шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун дар назар аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |