Протоколи ҷаласаи ҳукумат: “Дастури хавфнок” тасдиқ шуд...(АКС)

Хабаргузории “Озодагон” суратҷаласа, ё худ протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кард, ки дар инҳисори хабаргузории “Ховар” қарор додани иттилооти расмии кишварро тасдиқ мекунад.
Ин қарор, ки аз ҷониби коршиносони умури ВАО “дастури хавфнок” арзёбӣ шудааст, дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 30-юми июни соли равон қабул гардидааст.
Дар суратҷаласа ё худ протоколи ин маҷлис, зери имзои раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки иттилооти расмӣ ибтидо ба АМИТ “Ховар” ва аз тариқи “Ховар” ба дигар расонаҳо пешниҳод шавад. Дар суратҷаласаи мазкур аз ҷумла гуфта мешавад: “Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Раёсати илму маърифат минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурявӣ ва соҳавии дахлдор ба воистаи АМИТ “Ховар” ба роҳ монда шуда, пас аз он барои пахши барнома ё иттилоот ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби агентӣ фиристода шавад. Иштироки намояндаи ҳатмии “Ховар” дар чорабиниҳои зикргардида дар назар дошта шавад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти далатӣ аз натиҷаи иҷрои супоришҳои протоколи мазкур ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд”.
Ин дар ҳолест Заробиддин Қосимӣ, директори навтаъини хабаргузории давлатии “Ховар” сару садоҳо дар мавриди “дастур” ба муассисаҳои давлатӣ ҷиҳати ироаи иттилоъ танҳо ба ин хабаргузориро дар суҳбати чанд рӯзи пеш бо “Озодагон” бепоя хонд буд.
Заробиддин Қосимӣ директори АМИТ Ховар” дар суҳбати қаблӣ ба “Озодагон” гуфта буд, “ин танҳо як хоҳиши мо ҳаст аз мақомоти давлатӣ, ки ба “Ховар” хабарҳоро пешниҳод кунанд. Ин ки дигар расонаҳои давлатӣ ахбори мақомоти давлатиро аз тариқи “Ховар” бигиранд, дар пешниҳоди мо набуд. Мо хоҳиш кардем, замони пахши ахбор аввал хабарро ба мо бидиҳанд, яъне моро фаромӯш накунанд. Инҷо ягон дастури ҳукумат вуҷуд надорад”.
Судури чунин як дастурро баъзе аз роҳбарони созмонҳои расонаии Тоҷикистон мухолифат ба меъёрҳои Қонуни асосӣ ва маҳрум кардани дигар расонаҳо аз дастрасии баробар ба ахбори расмӣ унвон мекунанд.
Нуриддин Қаршибоев, раис Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки ин гуна дастурҳои паёмади хубе надоранд: “Баъзе аз масъулон мехоҳанд бо усули куҳна мақоми “Ховар”-ро боло бардоранд, вале ин мухолиф ба қонунгузории кишвар ва хусусан ба Қонуни асосӣ мебошад ва ҳуқуқи дастрасии баробари расонаҳоро ба иттилооти расмӣ поймол мекунад. Мо медонем, ки дар сурати мухолифати асноди зерҳуқуқӣ ба Қонуни асосӣ меъёрҳои Қонуни асосӣ амал мекунанд”.
Ҳамчунин Нуриддин Қаршибоев бар ин назар аст, ки дар ин росто бояд ҷомеаи журналистӣ мавқеи худро рӯшан намоянд, то минбаъд дастрасӣ ба иттилотти расмӣ аз ин ҳам мушкилтар нагардад.
Ҳоло бар асоси ин суратҷаласа дигар сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ низ ба ниҳодҳои зертобеи худ супориш додаанд, то иттилоотро ба расонаҳои дигар, пеш аз ҳама расонаҳои мустақил аз тариқи “Ховар” пешниҳод намоянд. 
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |