Тағойзода дар бораи квотаи чиниҳо, шартгузорӣ ба ширкатҳо ва “депорт”-и хориҷиҳо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 50 дарсади квотаҳои имсолае, ки барои ҷалби неруи кории шаҳрвадони хориҷӣ пешбинӣ шудааст, ба давлати Чин рост меояд.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, имрӯз, 16 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, тибқи фармони президент квотаи ҷалби қувваи кории шаҳрвандони хориҷӣ дар соли равон 4800 ададро ташкил медиҳад, ки 2500-тои он барои чиниҳо пешбинӣ гардидааст.
Ӯ мегӯяд, дар корхонаҳое, ки шаҳрвандони кишвар ҳамроҳ бо мутахассисони хориҷӣ фаъолият мекунанд, таносуби ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби коргарони худӣ зиёд шудааст: “Дар Тоҷикистон барномаҳои калонҳаҷме роҳандзӣ шуда истодаанд, ки онҳо бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ амалӣ мешаванд. Дар корхонаҳое, ки дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ фаъолият мекунанд, ҳатман таносуби ҷалби қувваи кории хориҷӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон пешбинӣ мешавад. Агар ин таносуб солҳои пеш 30 ба 70 буд, яъне 30 дарсади шумораи умумии кормандон хориҷӣ ва 70 дарсад шаҳрвандони Тоҷикистон мешуданд, ҳоло ин таносуб камтар шуда истодааст ва талабот низ ҳамин аст, ки ё 20 ба 80 шавад ё умуман 10 ба 90. Ин вобаста ба корҳои анҷомшаванда ва ихтисосҳои лозим аст, ки дар дохили кишвар мо доро ҳастем ё на”.
Сумангул Тағойзода иброз дошт, вақте ширкатҳо барои гирифтани иҷозатнома ё литсензия ҷиҳати ҷалби қувваи кории хориҷӣ муроҷиат мекунанд, яке аз шартҳои асосии онҳо ин аст, ки тоҷиконро низ ба кор бигиранд: “Вақте ба Вазорат муроҷиат мекунанд, яке аз шартҳои асосӣ ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон аст”.
Хонум Тағойзода теъдоди шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар асоси иҷозатнома фаъолият мекунанд, 5488 нафар гуфт.
Ба қавли вазир, дар ин нимсола 190 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳвардони хориҷӣ ошкор гардида, 116 тан аз қаламрави кишвар берун шуданд. Бештари ихроҷшудаҳо шаҳрвадони Хитой, Афғонистон ва Эрон будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |