Бахшҳо

Отаева: Иброҳимов ба 13 соли зиндон маҳкум шуд

Мақсуд Иброҳимов, мухолифи ҳукумат ва раҳбари ҳаракати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ба 13-соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар ин бора Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар сафҳаи интернетияш хабар дода, зикр кардааст, ки Иброҳимов моҳи январи соли равон дар Русия рабуда шуда, маҷбуран бе ягон ҳуҷҷат дар бағоҷи ҳавопаймо ба Душанбе интиқол дода шуд.

Ба иттилои Отаева мақомоти тоҷик Иброҳимовро дар узвият ба “Гуруҳи 24” муттаҳам мекунад, ки моҳи октябри соли 2014 аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон “экстремистӣ” эълон шуд: “Худи Иброҳимов узвият дар “Гуруҳи 24”-ро рад карда, танҳо таъсиси ҳаракати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро ба уҳда гирифтааст. Ахиран додгоҳ Иброҳимовро ба 13 соли зиндон маҳкум кард”.

Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” бо зикри қазияи Иброҳимов изҳор доштааст, ки он ангезаи сиёсӣ дорад ва дар мурофиаи чунин парвандаҳо адолати судӣ таъмин намешавад. Ин Анҷуман аз таҳқиби ҷиноии дигарандешон ва мухолифин дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти тоҷик хостааст, ин равандро хотима бахшанд.

Ин дар ҳолест, ки Мақсуд Иброҳимов шоми 26 ба 27 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Севанскаяи шаҳри Маскав мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Ӯ, ки дар ҳамоишҳои эътирозӣ дар Русия истеъфои ҳукумати феълии Тоҷикистонро талаб мекард, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми “ифротгароӣ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуд.

Мақсуд Иброҳимов инчунин узви раёсати эътилофи нируҳои мухолифин - “Тоҷикистони нав” арзёбӣ мешавад, ки аз ҷониби Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон”, созмони мамнуи “Гурӯҳи 24” ва чанд созмони дигари мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст.
Мӯҳр
Максуд Иброхимов зери фармони рохбарони гурухи 24 кор мекард. Чи намедонед, ки дар Москва чи кадар чавонони Точикистонро чамъ оварда бар зидди Хукумат мешуронид??? Максуд Иброхимов 100% чавононро бар зидди миллату давлати худ мебурданд, байнашон алангаи нафрин нисбати ватани худ меандохтанд. Ин амали Иброхимов комилан хато буд!

Ин чавон агар хисси миллатдусти медошт ба ин рохи хато намерафт. Дидаю дониста аз он ки суханхои у бар зиддии давлату миллатанд баён кард, акнун чавобашро медихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)