Латту кӯби сардори “Суғдсемент” ва кормандонаш аз сӯйи ҷавонон
Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти чор ҷавоне хабар дод, ки дар латту кӯби раҳбари ҶДММ “Суғдсемент” ва кормандонаш муттаҳам мешаванд.
Муҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуоти ин раёсат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, сину соли дастгиршудаҳо аз 19 то 27 буда, ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Масчоҳанд: “Онҳо санаи 14-уми июли соли равон, тахминан соатҳои 10:00 дар ҳудуди корхонаи ҶДММ “Суғдсемент”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи мазкур бо шаҳрвандон Урунов Зоҳир, сардори “Суғдсемент”, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Умурзоқов Бахтиёр, ҷонишини сардори “Суғдсемент”, бошандаи ноҳияи Спитамен ва Пулодов Неъмат, корманди ҳамин коргоҳ, сокини Спитамен вомехӯранд. Дар натиҷа, аз ҳиссиёти авбошӣ ҷанҷол намуда, онҳоро латту кӯб менамоянд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон месозанд”.
Оқои Юсуфов мегӯяд, нисбати боздоштшудаҳо дар асоси моддаи 237, қ. 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “Авбошӣ”, парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |