Бахшҳо

Паёми Э.Раҳмон ба муносибати Фитр: Аз зиракӣ то бахшиши гуноҳ ва қарзҳои имонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо нашри паёми шодбошияш тамоми мардуми кишварро фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта, тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва баракати бешумор орзу намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш изҳор доштааст, ки ҳар як як инсони савобҷӯ агар пеш аз адои намози ид бо ризоияти ҷисму рӯҳи хеш хайри худро ба бародарону хоҳарон, хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонад, савоби он дар назди Худованд дучанд мегардад: “Дигар аз фазилатҳои моҳи Рамазон ва иди саиди фитр аз он иборат аст, ки инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон маънидод карда, одамонро даъват менамоянд, ки ҳарчи бештар некӣ кунанд, собиру ботааммул бошанд, бо ҳамдигар муносибати хайрхоҳона ва хушбинона дошта бошанд”.

Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки дар Ислом, бахусус мазҳаби Ҳанафия инсофу адолат ва сулҳу амният ҷойгоҳи бисёр олӣ дошта, ҳар як фарди мусулмонро ҳидоят менамояд, ки худро аз ҳама гуна аъмоли зишту зараровар, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғорат дар канор гирад ва ин амалҳои носавобро маҳкум намояд: “Воқеан, зарур аст, ки ҳамватанони мо ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, хусусан дар шароити бисёр ноорому ҳассоси ҷаҳони муосир барои ҳақро аз ботил ҷудо кардан сайъу талош намоянд, яъне ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, роҳи дурусти зиндагиро пеш гиранд, ба омӯзиши илму маърифат кӯшиш карда, аз ҳар гуна амалҳои зишту зиёновар худдорӣ намоянд, ба қадри калонсолон расанд ва бо заҳмати софдилона ватани худро ободу пешрафта гардонанд”.

Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро қарзи имонии мусалмонони Тоҷикистон хонда дар ниҳоят бори дигар ба муносибати Иди саид ва мукаррами Фитр барои мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу намудааст.
Мӯҳр
Шуморо хам Чаноби оли табрику муборакбод мегуям хамеша дар зиндаги хушбахтию хурсанди дар корхоят пешравию мувофакият дар Точикистон тенчию амони аз даргохи Худованд хохонам. Бори дигар идатон муборак бошад Чаноби оли....

Шуморо хам Чаноби оли табрику муборакбод мегуям хамеша дар зиндаги хушбахтию хурсанди дар корхоят пешравию мувофакият дар Точикистон тенчию амони аз даргохи Худованд хохонам. Бори дигар идатон муборак бошад Чаноби оли....

Хуршед
Сад сола шави Чаноби оли мо бо Шумоем Худованд душманонатро хору залил гардонад ва Точикистони моро дар панохи исмати худаш нигох дорад ОМИН!

Тоҷик, аз Росия
Раиси муҳтарам, Шуморо ҳам ба ин иди саъиди рамазон муборакбод мегуем. Беҳтарин гуфтаҳо, дар беҳтарин моҳ, аз тарафи аввали ҷумҳурӣ.
Агар ин гуфтаҳоро дар ҳама ҷо ҳамчун шиор қарор диҳанд ва ҳам кормандон ва ҳам мардум ба онҳо кор гиранд, беҳтарин якдилӣ, ҳамбастагӣ хоҳад шуд. Ҷавонон ҳам ба сабаби ин гуфтаҳо ва кор гирифтан ба онҳо умед аст, ки бештарашон аз ташвиқоти мардуми бегона даст мекашанд.
Бо ин суханҳои гарм беҳтарин ҷомеа мешавад сохт, ки намуна хоҳад шуд.
Биёед мардум ҳама дасти ҳамдигарро гирем. Биёед ҳамдигарро эҳтиром намоем, то мо соҳиби эҳтиром гардем.
Гузаштагони моро ҳама дунё мешиносад ва то имрӯз аз ақлияти онҳо барои пешрафти ҷомеаҳои худ кор мегиранд.
Биёед бори дигар ба ҷаҳон нишон диҳем, ки тоҷик, яъне мардуми бофарҳанг, бодиёнат, бомаданият, муаллими дигарон...
Бори дигар ҷаноби Раиси муҳтарам, шуморо ва хонаводаи шуморо ба ин иди Рамазон табрик мегуем. Худованд беҳтарин хайроти дунё ва охиратро насибатон гардонад.

Сафар
Чаноби Оли ба РУШОН тезтар биёедб ки хеле пазмон шудем. Шуморо хам табрик мекунем ва тамоми хушихои зиндагиро орзумандем.

БА ШУМО ХАМ ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК ЧАНОБИ ОЛИ!МО БО ШУМОЕМ ВА ШУМО БО ТОЧИКИСТОН!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)