Суғд: Боздошти 70 аъзои ҲИУ, Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ, Салафия ва...
Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 70 аъзои гуруҳи фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд дар нишасти хабарии ниҳодаш имрӯз, 15 июл дар шаҳри Хуҷанд гуфт, бо назардошти хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ доштани ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд ва аз аввали сол 70 ҷинояткори махсусан хавфнокро дастгир кардаанд. Ӯ мегӯяд, аз ин теъдод 27 нафар аъзои иттиҳоди ҷиноии “Ҳаракати исломии Узбакистон”, 16 нафар узви ҷамоати “Ансоруллоҳ”, 6 нафар аз ҷамоати “Ҷундуллоҳ”, 20 нафар аъзои равияи динии “Салафия” ва як нафар аъзои “Ҳизбуттаҳрир”-анд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |