Додгоҳ “ИмрӯзNews”-ро аз Ҳокимшо Тиллоев “наҷот дод”

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат даъвои Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати “Тоҷик Эйр”-ро алайҳи ягона рӯзномаи мустақили кишвар “ИмрӯзNews” ба далели беасос буданаш рад кардааст.
Дар ин бора Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “ИмрӯзNews”, имрӯз, 15-уми июл ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Назири Нусрат қаблан Ҳокимшо Тиллоев “ИмрӯзNews”-ро барои матлаби “Моро аз Ҳокимшо Тиллоев наҷот диҳед”, ки моҳи июли соли гузашта нашр шуд, ба додгоҳ кашид. Дар ин матлаб баҳси молумулкии Тиллоев бо сокинони ноҳияи Варзоб баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи ин сокинон Тиллоев хостааст, қисме аз заминҳои ин сокинонро харидорӣ кунад ва чун муваффақ нашудааст, тавассути додгоҳ ин корро ҳал карданӣ шудааст, аммо додгоҳ низ ин даъвояшро рад кардааст.
Назири Нусрат мегӯяд, дар пайи нашри матлаби “Моро аз Ҳокимшо Тиллоев” наҷот диҳед, вокуниши Тиллоевро низ чоп кардаанд. Аммо Тиллоев бо ин қонеъ нашуда, тариқи додгоҳ аз сокинони Варзоб ҷуброни зарари маънавӣ ва аз рӯзнома нашри раддияро талаб кардааст, ки додгоҳ онро рад кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |