Бахшҳо
15 июл 2015 14:54Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

(АКС) Ванҷоб як қисмати фурудгоҳи Ванҷро хароб кардааст

Оби дарёи Ванҷоб Фурудгоҳи ноҳияи Ванҷро қисман тахриб кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” гуруҳе аз сокинони ин ноҳия хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, субҳи имрӯз, 15 июл дар пайи гармии ҳаво сатҳи оби дарёи Ванҷоб баланд шуда, фурудгоҳро қисман хароб кардааст ва эҳтимоли шӯстани он вуҷуд дорад.

Ғайратшо Шоев, сардори Фурудгоҳи ноҳияи Ванҷ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир маҷрои хеле ками дарёи Ванҷоб ба мавзеи фурудгоҳ сарозер шудааст, аммо аз ин ки сатҳи дарёи Ванҷоб ба таври бесобиқа дар ин чанд рӯзи ахир баланд шудааст, эҳтимоли қавии кандашавӣ ва шӯстани фурудгоҳ вуҷуд дорд: “Дар ҳоли ҳозир барои корҳои бартарафсозии зарар ва хисороти эҳтимолӣ ба таври инфиродӣ техникаи мавҷуд дар ноҳияро ҷалб кардем ва ҳамчунин аз қисми низомии воқеъ дар қаламрави ноҳия сарбозонро барои ёрӣ даъват кардаем”.

Таҳдиди Ванҷоб ба Фурудгоҳи ноҳияи Ванҷ дар ҳолест, ки дар ҳафтаи оянда сафарии кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия дар назар аст ва гуфта мешавад чархболҳои шомил дар ин сафар дар ҳамин фурудгоҳ менишинанд.

Ғайратшо Шоев мегӯяд, “мо ҳукумати вилоят, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, фармондеҳи қувваҳои ҳавоии қувваҳои мусаллаҳ, “Тоҷикаэронавигатсия”, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва тамоми мақомоти масъулро аз ин ҳодиса хабардор кардем ва аз тамоми ин идорот хостори кӯмаки оҷил ҳастем, то тавонем фурудгоҳро аз хатари тахрибшавӣ наҷот диҳем. Вале то кунун мутаассифона кӯмаке ба мо нарасидааст. Тамоми роҳбарият дар макони ҳодиса ҳузур доранд, вале имконотеро, ки барои наҷоти фурудгоҳ аз канда ва шусташавӣ истифода бурда истодаем, кофӣ нестанд”.

Сокинони ноҳияи Ванҷ мегӯянд, ҳафтаи гузашта дарёи Ванҷоб қисмате аз ҷангалзор, заминҳои корам, роҳи мошингард ва чанд чорвои сокинони деҳаи Шрговадро ба ком кашида буд.

Ҳамасола дарёи Ванҷоб хисороти ҳангуфтеро ба русто ва заминҳову ҷангалзорҳои дар соҳил қарордошта мерасонад. Сокинони ноҳия мегӯянд, корҳоеро, ки ҳукумати ноҳия ва вилоят барои мустақкам кардани соҳил мекунанд, кофӣ ва барномарезишуда нестанд. Ба қавли онҳо, ба низоми муайян ворид кардани маҷрои дарё як лоиҳаи махсуси тадқиқотиву барномарезишударо кор дорад.


(АКС) Ванҷоб як қисмати фурудгоҳи Ванҷро хароб кардааст

(АКС) Ванҷоб як қисмати фурудгоҳи Ванҷро хароб кардааст

(АКС) Ванҷоб як қисмати фурудгоҳи Ванҷро хароб кардааст

(АКС) Ванҷоб як қисмати фурудгоҳи Ванҷро хароб кардааст

(АКС) Ванҷоб як қисмати фурудгоҳи Ванҷро хароб кардааст
Мӯҳр
Ин вокеахо хар сол дар фасли тобистон ба амал меоянд. барои пешгирии ин ходиса бояд Хукумати нохия як барномаи мукамал тахия созад ва ба хукумати чумхури пешниход кунад,бо як техникаи валангор ва 2-3 мошини кухна ин кор хали худро намеёбад.

Шабдол.
Чучаро дар тирамох мешуморанд,гуфтанд,ин обхези ва рахбандиву шустани заминхои корам дар Ванчи камзамин кариб,ки дахсолахост,ки дар фасли бахор мардуми нохияи Ванчро азият дода истодааст аммо мутасифона баъди гузашти дахсолахо ва ивази се чор раиси нохия хануз хам мутасифона рохи хали худро наефтааст,акнун,ки об аз байни панчахо рехтааст ва Ванчоб заминхои корам рохои мошингард ва фурудгохро ба комаш кашидааст,табли изтироб заданд,чи суд,илочи вокеар пеш аз сар задани вокеа гуфтаанд.

часуршои ванчи
Вакти камиии об дар вилоят ягон рохбар парвои роххо, фурудгох ва дигар маконхоро надоранд, хама хоб ва дар фикри маишат. Хозир зориву гадои сар мекунанд. Коррупсия маблагхои соли 2015 ба ин максад чудошударо санчад, баъд гунахкорон маълум мешаванду ба дигарон сабак мешад.NEKRUZ,

Ванчи
Холо раисо да фикри кисахои худашон, боз мехохан азин истифода бурда як лукма бошад нимашро худшон гиранд..

Саиднкриддини бобаш.
мачорои дариеи Ванч дар дехаи Ванвани боло ба хонахои истикомати ва мактаби деха наздик омадааст,ва дар участкаи ,,Синчитак,,-рохро бо пура шуста харакати мунтазами наклиетро дар ин самт кат кардаст,ва Дар участкаи ,,,заги,,-дехаи Мургудга Ванчоб туген дорад ва агар харорати рутубатнокии хаво поен нагалтад дар ин самт хам хавфи дарачаи тахдиди Ванчоб ба хочагихои мардум хело баланд хаст.Бар замиин аз дехаи Мургудаи убара то дехахои Ванвани боло ва Ванвани поен-Ванчоб кисман рохро хароб ва банд кардаст ва мардуми ин дехахоро мисли порсол ва перор сол аз сари нав дар бунбасти иктисоди карор додаст,ки барои сокинони ин дехахо дастрас кардани маводи гизоги ва ашехои рузмараи рузгор хело хам душвор галтидааст.NEKRUZ,

Cироч
Илочи вокеъа пеш аз вуку.Чунин аст матъалаи халки, аммо хукуматдорони мо дар фикри пешгирии чунин ходисахо нестанд.Вакто ,ки кор аз хад гузашт чанд техникаи кухна бо теъдоде аз асфарони логарро оварда нишон медиханд,ки аз пай бартараф кардани ин мочароанд.Дар асл пул барои сарбандхо,ки мачрои дарёро дигар мекунанд,каму беш чудо мешавад аммо бо рехтани чанд мошин кум ва каме сангдевол сохтакори карда ними маблагро ба чайб мезананд.

ванчи
Бо хидояти парвардигор роьбари давлат сафари Ванч доранд. Худо хохад бо чашми худ хамаи инро хохад дид ва албатта хидояти барномарезии ба мачро даровардани Ванчоб ба кор гирифта хохад шуд. Хазорон га замини корам пайдо мешавад ва албата гуфтаи мусафеди Ширговади-таъмини чумхури бо лубие амали хохад шуд.

ismoil
сенарияи мулокоти президент бо "фаъолони" нохия пешаки тархрези шудааст. Боз хамон муйсафеди равонии Шрговадиву як-ду маддохони "хирфаи"-и дигар микрофонро ба касе нахоханд дод. Хеч як масъалаи догу халталаб матрах нахохад шуд.зеро рохбарони нохия хеч вакт ба ин алокаманд набуданд. Дар акси хол аз пули хангуфти бучети давлат ва созмонхои байналмилали. ки муфт ба кисахояшон медарояд,махрум мешуданд. Бо як мохона сохиби хонаву кошона шудан мушкил аст.Ягона рохихалл тафтиши фаъолияти молиявии рохбарони нохия дар бист соли ахир аз чониби макомоти марбута. Агар ин тафтишотро Рустами Эмомали мегузаронд, олам гулистон!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)