Бахшҳо
15 июл 2015 14:15Тоҷикистон / Тема дня

Шикоят аз “ТоҷикЭйр”: “Ҳавопаймои дуруст надорӣ, чаро билет мефурӯшӣ?”

Шуморе аз мусофирони ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” аз лағви ногаҳонии парвози Душанбе–Бишкек шикоят доранд.

Ба қавли онҳо, ин парвоз қарор буд, соати 11:00-и зуҳри 15 июл тавассути ҳавопаймои ширкати “ТоҷикЭйр” сурат бигирад, аммо бидуни огаҳӣ лағв шудааст. Сафарбек Солеҳ, яке аз мусофирон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, онҳо аз лағви парвози худ танҳо баъди чанд соати интизорӣ дар толори фурудгоҳи Душанбе огаҳ шудаанд.

Ӯ афзуд, “тибқи ҷадвал парвоз соати 11:00 бояд сурат мегирифт. Чанд дафъаи аввал, ки пурсидам, мегуфтанд, баъди 15 дақиқа сабти ном шурӯъ мешавад. Ҳеч сабти номе на соати 9:00, на 10:00 ва на 11:00 оғоз наёфт ва дар таблу ҳам эълон навиштанд, ки парвоз соати 12:00 аст. Аммо ҳамааш дурӯғ буд. Ниҳоят дубора навиштаи парвоз "бекор шуд" дар лавҳаи эълон пайдо гашт”.

Ба қавли ҷаноби Солеҳ, танҳо баъд аз дархости мусофирон, ки шумори онҳо ба 50 нафар мерасид, намояндаи ширкати “ТоҷикЭйр” ҳозир шуда, далели лағви ногаҳонии парвозро ба хароб будани ҳавопаймо рабт додааст: “Мо хоҳиш кардем, намояндаи ширкати “ТоҷикЭйр” биёяду равшанӣ андозад, ки мо ин мушкилро чӣ гуна ҳал кунем. Баъди интизории тӯлонӣ нафаре омад, вақте номашро пурсидам Ҳамитов Абдулло гуфт, хеле бадҷаҳлу дағал эълом дошт, ки ӯ шахсан масъулияте надорад. Ҳавопаймо хароб аст. Билетҳоятонро супоред. На касе маъзарат хост, на касе қаблан ба мусофирон занг заду огоҳ карда буд”.

Дар ҳамин ҳол, Мунаввар Муллочаев, сухангӯи ширкати “ТоҷикЭйр” лағви парвози Душанбе-Бишкекро, ки бояд тавассути ҳавопаймои ин ширкат сурат мегирифт, дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ карда, онро ба сабабҳои техникӣ ё хароб шудани ҳавопаймо рабт доду гуфт, ҳанӯз замони парвоз маълум нест: “Бо сабабҳои техникӣ лағв шудааст ва ҳоло мутахассисони мо ин масъаларо меомӯзанд”.

Ҷаноби Муллочаев дар мавриди он ки чаро мусофирон қаблан аз ин қазия огаҳ нашуданд, афзуд, “ин мушкил ногаҳонӣ шуд”.

Сафарбек Солеҳ мегӯяд, масъулини ширкат дар ҳоле ба таври ногаҳонӣ аз лағви парвозу харобии ҳавопаймои худ хабар медиҳанд, ки ӯ барои анҷоми сафари кутоҳе мехост, озими шаҳри Бишкек шаваду ҳатто чиптаи бозгаштро низ барои фардо, 16 июл бо худ дошт: “Агар ҳавопаймои дуруст надорӣ, чаро билет мефурӯшӣ?! Хулоса бо тақвими харобшудаи имрӯзӣ аз дасти ин ширкат, ҳама барномаҳои муоинаву табобатиам вайрон шуд. Барои супоридани билети баргаштам, 20 евро ҷарима супурдам. Нақшаи ҳама мусофирон ба ҳам хӯрд. Хулосаам ин аст ки агар шикасту дилсияҳиву озор нахоҳед, бо ин ширкати бемасъулияту бетартибу бефарҳанг ҳеч гох рӯ ба рӯ нашавед”.


Шикоят аз “ТоҷикЭйр”: “Ҳавопаймои дуруст надорӣ, чаро билет мефурӯшӣ?”

Шикоят аз “ТоҷикЭйр”: “Ҳавопаймои дуруст надорӣ, чаро билет мефурӯшӣ?”

Шикоят аз “ТоҷикЭйр”: “Ҳавопаймои дуруст надорӣ, чаро билет мефурӯшӣ?”
Мӯҳр
Чаман
Барои чй боз 20 евро чарима будааст? Бояд баръакс, Точикэйр зиёни маънавиро пардозад.. Э-э-х афсус, хеч ёд нагирифтем, фарханги оддии хизматрасониро...

20 евро барои чи будаст? Барои маоши хешутаборон. Шумо аз ин ширкат узр тамаъ доред. Оё медонед ки ин ширкат хусуси аст? Онхо хеч гох узр намехоханд.

номи корхона аз тани худ гап зада истоластку “ТоҷикЭйр”

хамин музафарро моенедхамаш соз мешавад

Не важно
Санаи 21.06.2015 билети Душанбе-Москваро харидори кардам. Соати 19=40 бо вакти Душанбе бояд парвоз мекардам, вале дар толори аэропорт такрибан 11 соат интизори самолёти Точикэйр шудам. Вакте як нафар пурсон шуд ки чаро самолёт нест, як намояндаи "ширкат" гуфт : намефората билетта буспор бза брра.
Ин бачои узр буд бафикрам.

99
25 сол аст, ки "соҳибистиқлолем", вале ҳатто забонамонро давлатӣ карда натавонистем! Боз, масъулони мо ҷор мезананд, ки мо давлат ҳастем!!! Ҳатто дар як фурӯшгоҳ бо тоҷикӣ гап намезананд, фурудгоҳро чӣ мегӯед!!!

Чаманҷон!
Тоҷик бояд, фақат барои тоҷик буланаш ҷарима супорад, ҳоло он ки ин ширкатҳо ба ном тоҷикиянд.
Мо ба ин дунё барои шатта хӯрдан омадем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)