Генерали тоҷик: 37 сокини Суғд фарзандонашонро ба Сурия бурдаанд

Генерал-майор Назарзода Шариф Раҳмон, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд дар нишасти хабарии рӯзи 15 июл дар шаҳри Хуҷанд гуфт, то имрӯз аз ҳисоби сокинони муқими шаҳру навоҳии вилоят дар маҷмӯъ 90 нафар дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия ҳузур доранд.
Шариф Назарзода мегӯяд, тибқи маълумоти фаврии дастрасшуда аз ин теъдод 23 нафар ҳамроҳи ҳамсар ва 37 тани дигар бо фарзандони ноболиғи худ дар ҷангҳои Сурия ширкат меварзанд: “Феълан алайҳи 57 нафари онҳо бо дастрасии моддаи 401, иловаи 1-и КҶ ҶТ павранда оғоз шуда, 41 нафари онҳо расман мавриди пайгард қарор дода шудаанд”.
Генерали тоҷик дар ҳоле теъдоди сокинони дар Сурия будаи вилояти Суғдро 90 нафар мегӯяд, ки рӯзи 9 июл Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилоят дар нишасти хабарие ин рақамро 110 нафар гуфт. Ӯ изҳор дошт, “ҳарчанд тибқи маълумоти расмӣ, аз қаламрави вилоят 50 нафар дар Сурия қарор доранд, аммо дар асл 110 нафаранд, ки бархеашон бо ҳамроҳии оилаашон рафтаанд”.
Раиси вилоят афзуд, ки аз ҳама бештар - 62 нафар аз шаҳри Исфара ба ин кишвари арабӣ рафтаанд. Бино ба гуфтаи ў, аз ноҳияи Спитамен 13 нафар, Конибодом - 12, Ҷаббор Расулов - 11, Панҷакент - 10, Чкалову Бобоҷон Ғафуров 7-нафарӣ, Зафаробод - 6, Ашт - 3 ва Истаравшан - 1 нафар ва ҷамъ 110 нафаранд.
Ҷаноби Қодирӣ мегӯяд, бештари ин афрод тавассути Русия ба Сурия рафтаанд: “Аввал муҳоҷирати меҳнатӣ, баъд бо ҳамон чечену қафқозҳо гуфтугузор, “вербовка” ва ана баъд мераванд. Баъди рафтан оилаву фарзандонашонро даъват мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |