Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ дар бораи шикояти бонкҳо аз соҳибкорон ва шикояти соҳибкорон аз бонкҳо

Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон имрӯз, 15 июл зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз афзоиши шикояти бонкҳо ба ниҳодаш ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои кредитӣ аз соҳибкорон хабар дод.
Оқои Мансурзода гуфт, дар 6 моҳи аввали соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ 36 парвандаи марбут ба рӯёнидани маблағи қарзро баррасӣ кардааст, ки 23-тои он ба рӯёнидани маблағи кредити бонкҳо рост меояд. Ӯ аз чанд қазия мисол овард, “Масалан, Бонки Рушди Тоҷикистон” нисбати Ҷумаев 228 ҳазору 208 сомонӣ, филиали “Бонки Эсхата” дар шаҳри Турсунзода нисбати Зикирова, Ахмедова дар бораи 46 ҳазору 671 ҳазор сомонӣ, “Кафолатбонк” нисбати соҳибкори инфиродӣ Орипов 130 ҳазору 391 сомонӣ, филиали “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Фирдавсӣ нисбати соҳибкорон Чиниев ва Қурбонов оид ба рӯёнидани 581 ҳазору 784 сомонӣ, “Тоҷиксодиротбонк” нисбати Муассисаи давлатии хоҷагии тухмипарварии Қизлсуи ноҳияи Ҷилгатол оид ба рӯёнидани 509 ҳазору 423 сомонӣ, филиали “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбаи Кооперативи асппарварии ин ноҳия, нисбати Шаминову Файзов барои рӯёнидани беш аз 704 ҳазор сомонӣ муроҷиат кардаанд”.
Ҷаноби Мансурзода гуфт, дар шаш моҳи аввали соли равон, ширкат ва соҳибкорон низ нисбати бонкҳои кишвар ба Додгоҳи олии иқтисодӣ муроҷиат карда, гуфтаанд, бонкҳо фоизҳоро зиёд ё моликиятро ба гарав зиёд мондаанд: “Дар ин маврид якчанд парванда баррасӣ шуда, ҳамон гараве, ки зиёдтар рӯёнида шудааст, аз гарав хориҷ шудааст. Ба фоидаи соҳибкорон ва ширкатҳо ҳалнома бароварда шудааст”.
Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ афзуд, дар ин нимсола ғайр аз парвандаҳо оид ба рӯёнидани маблағи қарз, 3 парвандаи вобаста ба замин, 16 парванда дар бораи бе эътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ ва 46 намуди дигари парвандаҳоро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |