ВИДЕОИ озмоиш дар Душанбе: Кӯмаки 90 %-и роҳгузарон ба ҷавони афтода дар роҳ
Як озмоиш дар хиёбонҳои Душанбе нишон додааст, ки 90%-и роҳгузарон нисбат ба ҷавони афтода дар роҳ бетараф нестанд ва ба кӯмакаш мешитобанд.
Дар ин озмоиш, ки навори он 14-уми июл дар шабакаи интернет нашр шудааст, як ҷавон дар хиёбонҳои Душанбе, дар миёни роҳ баногоҳ даст ба сина - болои дил бурда, ба замин мешинад ва вонамуд мекунад, ки вазъи саломатияш бад шудааст. Озмоишгарон мегӯянд, 90 дарсади роҳгузарон ба кӯмаки ҷавон шитофта, обу дору додаанд: “10 фоизи боқимонда ҳам таваҷҷуҳ кардаанд, аммо ҷуръати кӯмак надоштаанд”.
Ин навор аз ҷониби корбарони интернет хуш пазируфта шуда, шореҳон аз он изҳори қаноатмандӣ мекунанд, ки тоҷикистониён нисбат ба ниёзмандон бетараф нестанду ба кӯмак мешитобанд. ВИДЕОИ озмоиш дар хиёбонҳои Душанбе
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |