АКС: Ифтитоҳи озмоишгоҳе барои назорати масолеҳи сохтмонии "Роғун"

Озмоишгоҳи сохтмонии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба кори худ шуруъ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, маросими ифтитоҳияи озмоишгоҳи мазкур субҳи 15 июл баргузор шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин озмоишгоҳ бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба хотири назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва иҷрои корҳои барқарорсозии неругоҳи “Роғун” бунёд шудааст.
Озмоишгоҳ аз панҷ шуъба ва бахшҳои алоҳида, аз ҷумла аз шуъбаи озмоиши металлҳо, шуъбаи назорати геотехникӣ, шуъбаи кимиёвӣ, бахши ташхисгоҳи спектралӣ, шуъбаи бетон ва бахши озмоиши хосиятҳои физикию механикии семент иборат аст.
Дар маркази мазкур беш аз 140 нафар мутахассис машғул ба кор буда, он дар пайи омӯзиши таҷрибаи як қатор кишварҳо, аз ҷумла Олмон, Русия, Чин, Эрон ва Италия таъсис ёфтааст.
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метра, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |