Муҷозоти модари раққосаи 14-солаи тарабхонаи Фараҳноз
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, як сокини шаҳри Душанберо, ки духтари ноболиғаш шабона дар тарабхонаи Фараҳноз ба рақс машғул будааст, се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 120 сомонӣ ҷарима бастааст.
Тибқи иттилои додгоҳ хонандаи синфи 7-и мактаби рақами 26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 1-уми феврал то 15-уми апрели соли равон дар дарсҳо иштирок накарда, шабона дар тарабхонаи “Фараҳноз” ба рақс машғул шудааст.
Ба иттилои манбаъ додгоҳ модари ин раққосаи ноболиғро барои иҷро накардани уҳдадориҳои тарбиявӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобхо, яъне 120 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |