Лориҷонӣ: Мардуми Эрон миллати Тоҷикистонро ҷудо аз худ намедонад
Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Алӣ Лориҷонӣ, раиси маҷлиси ин кишвар дидор кардааст.
Ба навиштаи рӯзномаи “Иттилоот”-и чопи Теҳрон, афзоиши иртибототи сиёсиву парлумонӣ ва нақши густариши ҳамкориҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон дар меҳвари гуфтугӯи Эмомзода бо Лориҷонӣ будааст.
Раиси маҷлиси Эрон бо ишора ба иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар бар зарурати иртибототи дӯстонаи ду тараф дар тамоми заминаҳо, ба вижа дар арсаи парлумонӣ таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст, “мардуми Эрон миллати Тоҷикистонро ҷудо аз худ намедонанд ва бо вуҷуди иштирокоти мухталифи фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ иртибототи хубе миёни мардуми ду кишвар барқарор аст”.
Вай ба сафарҳои масъулини Теҳрону Душанбе ба кишварҳои ҳамдигар ишора намуда, изҳор доштааст: “Афзоиши иртибототи сиёсӣ ва парлумонӣ нақши муассире дар густариши ҳамкориҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |