Таманниёти рамазонӣ ва изҳороти Э.Раҳмон: Талошҳо барои “Роғун” идома доранд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Роғун гуфт, ки азму талошҳо барои бунёди бузургтарин иншооти шаҳр - нерӯгоҳи барқи обии Роғун босуръат идома дорад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 15-уми июл зимни суханронияш дар Роғун таъкид кардааст, ки “пешрафту тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал нерӯгоҳи барқи обии Роғун вобаста мебошад ва маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр кардааст, ки ҳанӯз рӯзҳои аввали роҳбарияш бо вуҷуди вазъи ноороми кишвар ва идома доштани мухолифатҳои мусаллаҳона таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат эълон карда буд: “Албатта, дар он солҳои ноорому вазнин захираҳои молиявӣ ва имкониятҳои моддиву техникии ба анҷом расонидани вазифаҳои дар самти бунёди иншооти энергетикӣ муайяншуда вуҷуд надоштанд, вале бо вуҷуди ин, аз ҷониби мутахассисон нақшаи татбиқи онҳо барои ояндаи наздик омода карда мешуданд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур тадриҷан эътимоди мардуми кишварро ба ояндаи соҳаи энергетикаи мамлакат ва рушди устувору бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар тақвият бахшид”.
Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки маҳз истифодаи оби рӯдхонаҳои пуртуғёни кӯҳӣ метавонад яке аз омилҳои муҳимми таъминкунандаи зиндагии шоистаи мардуми кишварамон бошад: “Шаҳри Роғун дуюмин шаҳри энергетикии мамлакат аст, ки дар домани қаторкӯҳҳои зебои диёрамон ҷойгир буда, имрӯзҳо номи он вирди забони хурду бузурги кишвар мебошад. Аз мушоҳидаҳои имрӯза бармеояд, ки баъди сафари кории Роҳбари давлат дар соли 2012 дар самти ободонии шаҳри Роғун хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ободкориҳо дар шаҳри Роғунро хотиррасон карда, идома додааст, ки барои пешрафти шаҳри Роғун мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон имконияту заминаҳои мусоид мавҷуданд ва танҳо зарур аст, ки роҳбарону мутахассисон, фаъолон ва ҳамаи сокинони шаҳр ба масъалаи ободонии диёри худ бо азму талоши ватандӯстона ва масъулияти баланд муносибат намоянд: “Дар ояндаи наздик шаҳри Роғун бояд ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррификунандаи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил дода шавад. Зеро минбаъд таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ торафт зиёд мегардад ва бо ин мақсад лозим аст, ки бо истифода аз обҳои шифобахш ва табиати зебои диёр доир ба фароҳам овардани шароити муосир барои рушди сайёҳӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад”.
Дар баробари муассисаҳои таълимӣ раисиҷумҳур бо назардошти вусъати корҳои сохтмонӣ дар Роғун хостори беҳбудии шароити муассисаҳои тандурустӣ, таъминоти онҳо бо мутахассисони зарурӣ, таҷҳизоти замонавӣ, инчунин таъмиру таҷдиди беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ шудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба ҳозирин бори дигар таъкид намудааст, “ҳоло, ки ҳамаи мову шумо дар марҳалаи татбиқи босуръати яке аз ормонҳои деринтизори миллиамон, яъне бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун қарор дорем, ба шумо, мардуми заҳматпешаи шаҳри Роғун хонаи обод, файзу баракати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям”.
Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони шаҳри Роғунро ба муносибати иди Рамазон табрик кардааст: “Ҳамаи шумо - ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Роғунро ба муносибати иди Рамазон, ки рӯзи 16-уми июл, баъди як моҳи тоату ибодат ва риёзати ҷисму рӯҳ фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушҳоливу хушрӯзӣ ва иқболи нек мехоҳам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |